Оғози таблиғоти номзадҳои интихоботи маҷлиси шӯрои исломии Эрон
-
Оғози таблиғоти номзадҳои интихоботи маҷлиси шӯрои исломии Эрон
Сухангӯи ситоди интихоботи Вазорати кишвари Эрон гуфт : Таблиғоти 15 ҳазор номзади интихоботи Маҷлиси шӯрои исломии Эрон аз имрӯз ( панҷшанбе ) оғоз шуд.
Ба гузориши хабаргузории Садо ва Симо ; « Муҳсини Исломӣ » сухангӯи ситоди интихоботи Вазорати кишвари Эрон бо эъломи ин,ки асомии ҳудӯди 15 ҳазор номзади таъйиди салоҳият шуда бар асоси қонӯн ба фармондориҳо иблоғ ва огаҳии он мунташир хоҳад шуд , гуфт : Аз соаъти як дақиқаи бомдоди панҷшанбе рақобатҳои интихоботии давоздаҳумин давраи Маҷлиси шӯрои исломӣ оғоз шуд ва то 8 субҳи рӯзи 29 феврал идома хоҳад дошт .
Сухангӯи ситоди интихоботи Вазорати кишвари Эрон дар хусӯси имконоти таблиғотии ин давра аз интихоботи Маҷлиси шӯрои исломии Эрон , гуфт : Садо ва Симо дар ҳамин чорчӯб , 200 канали устонии вижаи интихобот роҳандозӣ кардааст, ки ҳар номзади 20 дақиқаи фурсат ва имкони ироаи аҳдоф ва барномаҳои худ ҷиҳати номзадиро хоҳад дошт.
Исломӣ афзӯд : 59 ҳазор шуъбаи ахази рай дар Эрон барои интихобот дар назар гирифта шудааст ва 800 ҳазор нафар ба унвони авомили иҷрои аслӣ ва захира, , омодаи баргузории интихобот ҳастанд. Давоздаҳумин давраи интихоботи Маҷлиси шӯрои исломии Эрон ва шашумин давраи интихоботи хубрагони Раҳбарӣ якуми марти 2024 баргузор мешавад .