Феврал 28, 2024 21:05 Asia/Dushanbe
  • Раисӣ: Ҷумҳурии исломии Эрон такя бар пуштвонаи мардумии худ дорад
    Раисӣ: Ҷумҳурии исломии Эрон такя бар пуштвонаи мардумии худ дорад

Сайид Иброҳими Раисӣ, раисҷумҳури Эрон бо тавваҷуҳ ба эҷоди заминаи муносибу одилона барои таблиғоти интихоботӣ, аз ҷумла дар расонаи миллӣ, аз ҳамаи оҳоди миллат даъват кард, ба таври пуршӯр дар интихобот ҳузур ёбанд.

Ба гузориши Хабаргузории садо ва симо, раиси ҷумҳур имрӯз - чаҳоршанбе дар нишасти ҳайати давлат, баргузории 37 давраи интихобот дар Ҷумҳурии исломии Эрон ва интихоби ҳамаи ниҳодҳову бахшҳои ҳукумат ва ҳатто навъи низоми сиёсиву қонуни асосӣ бо муроҷиа ба орои умумиро яке аз ифтихороти бузурги Ҷумҳурии исломии Эрон донисту изҳор дошт: Ҳамаи зерсохтҳову муқаддамот барои баргузории пуршӯру бошукӯҳи сивуҳаштумин давраи интихобот дар кишвар фароҳам ва омода аст.

Раиси ҷумҳурӣ бо баёни ин ки Ҷумҳурии исломии Эрон бо такя бар пуштвонаи мардумии худ, кишваре мустақил, озод ва мубтанӣ бар орои мардум аст, бо тавваҷуҳ ба эҷоди заминаи муносибу одилона барои таблиғоти интихоботии номзадҳои интихобот, аз ҷумла дар расонаи миллӣ, аз ҳамаи оҳоди миллат даъват кард, ба таври пуршӯр дар интихобот ҳузур ёбанд.

 

Барчасп