Март 07, 2024 19:19 Asia/Dushanbe
  • Раҳбари муъаззами инқилоб: Мантиқи Ҷумҳурии Исломии Эрон, истодагӣ муқобили ҷабҳаи истикбор аст

Раҳбари муъаззами Инқилоби исломии Эрон, мантиқи динӣ, ақлӣ ва инсонии Ҷумҳурии Исломии Эронро барои истодагӣ муқобили ҷабҳаи истикбор донистанд.

 Ба гузориши пойгоҳи иттилоърасонии дафтари раҳбари муаззами Инқилоби исломӣ, ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ-раҳбари муаззами инқилоби исломӣ рӯзи панҷшанбе дар дидори раис ва аъзои Маҷлиси хубрагони раҳбарӣ дар табйини мантиқи истодагӣ ва муқобилаи Ҷумҳурии Исломии Эрон бо зӯргуён, гуфтанд: То қабл аз ташкили Ҷумҳури исломӣ, танҳо ҷабҳаи мавҷуд дар дунё ҷабҳаи демокрасиҳои вобаста ба равиши либерал-демокросии ғарбӣ буд, аммо бо пирӯзии Инқилоби исломӣ, ҷабҳаи наве бар асоси мардумсолории исломӣ ташкил шуд, ки табиатан дар муқобили ҷабҳаи демокросии ғарбӣ қарор мегирифт.

 Ишон сар баровардани улгуи мардумсолории исломӣ дар Эронро мӯҷиби ба хатар афтодани манофеъи ҷабҳаи демокросии ғарбӣ ва оғози мухолифатҳои идомадори он ҷабҳа бо низоми исломӣ хонданд ва афзуданд: Сабаби эҳсоси хатар ва муъоризаи онҳо ин буд, ки дар зоти низоми демокросии ғарбӣ, истикбор ва таҷовуз ва тааддӣ ба ҳуқуқи миллатҳо ва ҷангофаринӣ ва хунрезии беҳадду ҳаср барои касби қудрат вуҷуд дорад, ки шоҳиди он истеъмори бисёре аз кишварҳои Осиё, Африқо ва Амрикои лотин дар қарни 19, яъне дар давраи авҷ шиорҳо ва иддаоҳои онҳо дар заминаи демокрасӣ, озодӣ ва ҳуқуқи башар аст.

 Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ муҳиммтарин масъала ва рӯйкарди ҷабҳаи мардумсолории исломиро ба далели моҳияти исломии он муқобила бо ин гуна зулмҳо ва тааддиҳо хонданд ва дар муқобили ин савол, ки чаро Ҷумҳурии исломӣ бо ҷабҳаи истикбор муқобила мекунад, гуфтанд: Эрони исломӣ бо кишварҳо, давлатҳо ва миллатҳо ба худии худ ҳеҷ мушкилие надорад, балки мухолифи зулму таҷовуз аст, ки дар ботини ҷабҳаи демокрасии ғарбӣ вуҷуд дорад.

 Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ ҳаводиси таассуфбори Ғаззаро намунаи ошкор аз зулм ва таҷовузи ҷабҳаи истикбор ба соҳибони як сарзамин ва куштори бераҳмона ва сангдилонаи зан ва кӯдак ва нобуд кардани дороиҳо ва манобеъи мардуми он сарзамин баршумурданд ва гуфтанд: Мухолифати Ҷумҳурии Исломии Эрон дар воқеъ мухолифат бо чунин зулмҳо ва ҷиноёте аст, ки бо вуҷуди онки назди ҳар ақл ва урф ва шаръ ва виҷдони башарӣ маҳкум буда, мавриди ҳимояти Амрико ва Англия ва бархе кишварҳои аврупоӣ аст.

 Ишон таъкид карданд: Ин масъала бояд равшан ва маълум бошад, ки ҷабҳаи истикбор зулм ва таҷовуз ва кушторро зери номи демокросӣ, ҳуқуқи башар ва либерализм пинҳон кардааст.

 Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ бо таъкид бар инки Ҷумҳурии исломӣ бояд ҳамвора парчамдор ва пешгом ва пешқадам дар муқобила бо истикбор бошад, гуфтанд: Парчами мубориза бо истикбор бояд ҳар рӯз густурдатар ва барафроштатар шавад ва дар ҳеҷ даврае иҷоза дода нашавад ин парчам аз Ҷумҳурии исломӣ гирифта шавад.

 Раҳбари муаззами Инқилоби исломӣ ҳамчунин табйини мантиқи Ҷумҳурии Исломии Эрон дар истодагӣ ва муқобила бо мустакбирон барои наслҳои ҷадидро вазифаи муҳим баршумурданд ва афзуданд: Хушбахтона дар тӯли беш аз чаҳор даҳа аз умри Ҷумҳурии исломӣ, чеҳра ,ҷабҳа ва ҷиҳатгирии мубориза бо истикбор ба ҷаҳониён нишон дода шуд.

 

Барчасп