Март 09, 2024 11:09 Asia/Dushanbe
  • Гиромидошти Наврӯз дар сафорати Эрон дар Остона

Ба муносибати фаро расидани моҳи март, ки дар Қазоқистон ба унвони моҳи Наврӯз шинохта мешавад, ҷамъе аз сафирони кишварҳои ҳавзаи Наврӯз ва шахсиятҳои илмӣ ва фарҳангӣ дар зиёфати наҳори сафири Эрон дар маҳалли ройзании фарҳангии сафорати Ҷумҳурии Исломии Эрон ҳузур ёфтанд.

Ба гузориши ИРНА, дар ин маросим, ки 7 март баргузор шуд, Алиакбар Ҷукор-сафири Эрон зимни изҳори хурсандӣ аз дидор бо меҳмонон ҳамзамонии Наврӯз ва моҳи мубораки Рамазонро илҳомбахш донист ва изҳор дошт: Муҳимтарин вежагӣ ва суннатҳои Наврӯз ин аст, ки кишварҳои минтақа ва ҳамаи моро ба ҳам пайванд мезанад ва дӯстии моро амиқ мекунад.

Гуфтанӣ аст бо ибтикори сафорат, Эрон нахустин кишваре буд, ки маросими Наврӯзро дар пойтахти Қазоқистон баргузор кард.

 Давлат ва мардуми Қазоқистон эҳтимоми ҷиддӣ дар баргузории бошукӯҳи маросими Наврӯз доранд. Раиси ҷумҳури Қазоқистон дар мусоҳибае дар январи 2024 дар хусуси аҳамияти Наврӯз гуфта буд:«Мо набояд фаромӯш кунем, ки мо низ соли нави худ – Наврӯзро дорем, ки нишондиҳандаи оғози чархаи зиндагии ҷадиди табиат аст. Наврӯз - намоде аз таҷдид аст ва ҳамчунин бояд ба равиши ҷадид ҷашн гирифта шавад: маънидор, халлоқона, бо муаррифии унсурҳои фарқкунандаи нав. Ман мутмаин ҳастам, ки ин амр ба таҳкими ҷомеа ва тақвияти ҳуввияти миллии мо кумак хоҳад кард."

 

Барчасп