Сохт ва таъмири қатаоти ҳавопаймоҳои мусофирбарӣ дар Эрон
Муовини тавсеаи иқтисоди донишбунёни муовинати илмӣ, фанноварӣ ва иқтисоди донишбунёни раёсатҷумҳурии Эрон аз худкафоии кишвар дар таъмину таъмири қатаоти ҳавопаймо ба дасти мутахассисони дохилӣ хабар дод.
Ба гузориши хабаргузории Меҳр, Ҷаводи Машоих, муовини тавсеаи иқтисоди донишбунёни муовинати илмӣ, фанноварӣ ва иқтисоди донишбунёни раёсатҷумҳурии Эрон бо ишора ба худкафоии ширкатҳои донишбунёни дохилӣ дар ҳавзаи сохти қатаоти ҳавопаймоҳои мусофирбарӣ гуфт, Эрон қаблан барои таҳия ва таъмири қатаоти ҳавопаймоҳои тиҷорӣ ва мусофирбарӣ ба воситаи таҳримҳои Ғарб, вобастагии зиёде ба ширкатҳои хориҷӣ дошт, аммо бо ҳиммати мутахасиссон ва донишмандони эронӣ бисёре аз қатаот бумисозӣ шудааст.
Машоих бо баёни инки дар ҳоли ҳозир тақрибан барои ҳеҷ навъ таъмироте ниёз ба эъзоми ҳавопаймо ба хориҷ аз кишвар нест, тасреҳ кард, дар ҳоли ҳозир бархе аз кишварҳое, ки ба далоили мухталифе онҳо ҳам таҳрим шудаанду имкони таъмини қатаот ва гирифтани хизмати таъмир ва нигаҳдорӣ надоранд, ҳавопаймояшонро ба мутахассисони эронӣ месупоранд.