Март 12, 2024 15:33 Asia/Dushanbe

Сухангӯи размоиши мураккаби “Камарбанди амнияти дарёӣ-2024” дар нишасти хабарии муштарак бо фармондаҳони қисмҳои Русия ва Чин аз оғози ин размоиш дар шомгоҳи имшаб хабар дод.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Мустафо Тоҷуддинӣ гуфт: Имсол барои панҷумин соли пайдарпай ин размоиш  баргузор мешавад.

Вай афзуд, дар ин размоиш илова бар нируи дарёи(баҳри)и артиш Љумҳурии Исломии Эрон ва нируи дарёии Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ ва қисмҳои шиновари кишварҳои Чин ва Русия аз панҷ кишвар низ нозирине ҳузур хоҳанд дошт то шиори бо ҳам барои сулҳу дӯсти амалӣ шавад.

 Мустафо Тоҷуддинӣ бо баёни инки ин чаҳорумин размоиши мураккаб аст, ки бо ҳузури кишварҳои Эрон, Чин ва Русия баргузор мешавад ва дар оянда низ идома хоҳад дошт, гуфт,ин размоиш дар минтақае ба вусъати 17 ҳазор километри мураббаъ, бо паёми сулҳ ва дӯсти баргузор мешавад.

 Сухангӯи размоиши мураккаби “Камарбанди амнияти дарёӣ-2024” тасреҳ кард, аз аҳдофи ин размоиш метавон ба тақвияти амнияти тиҷорати дарёии байналмилалӣ, муқобила бо дуздии дарёӣ ва терроризми дарёӣ, иқдомоти башардӯстона, табодули иттилоот дар ҳавзаи имдод ва наҷоти дарёӣ ва табодули таҷрибиёти амалиётӣ ва тактикӣ ишора кард.

 

Барчасп