Март 23, 2024 17:21 Asia/Dushanbe
  • Маҳкумияти ҳамлаи террористи ба атрофи Маскав аз тарафи Эрон
    Маҳкумияти ҳамлаи террористи ба атрофи Маскав аз тарафи Эрон

Ҷумҳурии Исломии Эрони ҳамлаи террористии хунин ва ваҳшиёна ба як маркази тиҷори дар атрофи Маскав пойтахти Русияро маҳкум кард.

Ба гузоришаши хабаргузории Садо ва Симо, Ҳусей Амирабдуллоҳиён вазири умури хориҷаи Ҷумҳурии Исломии Эрон, зимни маҳкумкардани ҳамлаи террористӣ дар маркази тиҷории атрофи Маскав ва ибрози ҳамдардӣ бо хониводаҳои ҷонбохтагон ба Сергей Лавров вазири хориҷа, давлат ва миллати Русия таслият гуфт.

Ҳусейн Амирабдуллоҳиён

Ҳусейн Амирабдуллоҳиён гуфт: Муборизаи муштарак ва муассир бо тероризм, ниёзманди иқдоми ҷадди ва бедуни табъизи ҷомеъаи байналмилалӣ аст.

Дар ҳамин ҳол Носири Канъонии Чофӣ, сухангуи Вазорати умури хориҷаи Эрони бомдоди имруз шанбе зимни маҳкумияти шадиди ҳамлаи террористии хунин ва ваҳшиёна ба як маркази тиҷорӣ дар атрофи Маскав ки ба кушта ва маҷруҳ шудани ҷамъи зиёди аз шаҳрвандони рус мунҷар шуд ба давлат ва миллати Русия ба вижаи хониводаҳои қурбониён таслият гуфт.

Носири Канъонии Чофӣ ҳамчунин гуфт, Ҷумҳурии Исломии Эрон дар ин ҳодисаи талх худро дар канор Русия мебинад.

Дар ҳамлаи террористии шаби ҷумъа ба муҷтамаъи тиҷории Крокус Ситти дар атрофи шаҳри Маскав 67 нафар кушта ва беш аз 100 нафар ҳам захмӣ шуданд.

Барчасп