Январ 06, 2017 19:37 Asia/Dushanbe
  • Тавозуни тиҷории Эрон барои нахустин бор мусбат шуд

Раиси Утоқи бозаргонӣ, саноеъ, маодин ва кишоварзии Эрон аз мусбат шудани тавозуни тиҷории Ҷумҳурии Исломии Эрон хабар дод ва гуфт, барои нахустин бор дар таърихи Эрон мизони содирот аз воридот пешӣ гирифтааст.

Ба гузориши ИРНА, Ғуломҳусайни Шофеӣ гуфт, аз ибтидои соли 95-и хуршедӣ Эрон 40 миллиард доллар содирот доштааст.

Шофеӣ ҳамчунин аз таваҷҷуҳи давлати Эрон ба беҳбуди равобити иқтисодӣ бо дунёи хориҷ ва иртиқои ҷойгоҳи минтақаии ин кишвар хабар дод ва гуфт, сафари ахири Ҳасани Рӯҳонӣ, раиси ҷумҳурии Эрон ба кишварҳои Осиёи Марказӣ барои тавсеаи ҳамкориҳои тиҷорӣ бо кишварҳои узви Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё сурат гирифт.

Шофеӣ гуфт, Утоқи бозаргонии Эрон дар назар дорад бо нигоҳи тавсеаи минтақаӣ дар устонҳои марзии шимоли Эрон, бахши вижаеро барои эҷоди пайванд бо кишварҳои ҳамсояи шимолӣ эҷод кунад.

Раиси Утоқи бозаргонӣ, саноеъ, маодин ва кишоварзии Эрон афзуд, давлати Эрон низ эъломи омодагӣ кардааст то Роҳи Абрешимро бо мушорикати кишварҳои минтақа эҳё кунад.

 

Барчасп