Баёнияи Ситоди кулли неруҳои мусаллаҳи Эрон дар остонаи рӯзи Ҷумҳурии Исломии Эрон
Ситоди кулли неруҳои мусаллаҳи Эрон бо судури баёнияе эълом кард, явмулллоҳи 12 фарвардин бо унвони рӯзи Ҷумҳурии Исломии Эрон аз муҳимтарин ва таъйинкунандатарин мақотеъи таърихи Эрон ва муттакӣ ба миллати инқилобӣ, басир, муъмин, сарафроз, асил ва решадор аст.
Пас аз пирӯзии шукӯҳманди Инқилоби исломӣ ба раҳбарии Имом Хумайнӣ (ра) , дар фарвардини соли 1358 ҳиҷрии шамсӣ (1979 мелодӣ) ҳамапурсии Ҷумҳурии исломӣ дар саросари Эрон баргузор шуд.
Бар асоси натоиҷ ин ҳамапурсӣ, ки дар дувоздаҳум фарвардини 1358 ҳиҷрии шамсӣ (аввали апрели 1979) эълом шуд, беш аз 98 дарсад дорандагони шароити ширкат дар ҳамапурсӣ, бо барқарории Ҷумҳурии исломӣ мувофиқат карданд.
Ба ҳамин муносибат, рӯзи дувоздаҳуми фарвардин дар тақвими Эрон рӯзи Ҷумҳурии Исломии Эрон номгузорӣ шудааст.
Ба ҳамин муносибат Ситоди кулли неруҳои мусаллаҳи Эрон бо судури баёнияе эълом кард:Ин рӯз, табаллвури иродаи миллат бар таъйини сарнавишти худ, таҳти раҳбарии Имом Хумайнӣ(ра) ва радди ҳар гуна султаи бегона бар Эрони исломӣ буд ва дар натиҷа, низоми қудратманд ва мардумсолори динӣ баромада аз орои миллат бо унвони Ҷумҳурии Исломии Эрон истиқрор ёфт.
Дар ин баёния омадааст:Низоми Ҷумҳурии Исломии Эрон усораи Инқилоби исломӣ ва садаҳо муҷоҳидати уламо ва мардуми мутадайини Эрон аст, ки бар пояи мардумсолории динӣ ва роҳбарии фақеҳи одил ва мудаббир, бар истиқлоли сиёсӣ ва озодӣ таъкид дорад ва ба унвони улгуе барои миллатҳои озодаи ҷаҳон табдил шудааст.