12 фарвардин; Рӯзи Ҷумҳурии исломӣ
(last modified Sun, 31 Mar 2024 08:44:56 GMT )
Март 31, 2024 13:44 Asia/Dushanbe
  • 12 фарвардин; Рӯзи Ҷумҳурии исломӣ

Имрӯз якшанбе рӯзи “Ҷумҳурии исломӣ”, таҷаллии воқеии хости иродаи миллати бузурги Эрон дар таҳаққуқи иззати исломӣ ва таъйини сарнавишти кишвар ба дасти мардуми инқилобии Эрон аст.

Пас аз пирӯзии шукӯҳманди Инқилоби исломӣ ба раҳбарии имом Хумайнӣ (раҳ.), дар фарвардини соли 1358 ҳиҷрии шамсӣ (1979) ҳамапурсии Ҷумҳурии исломӣ дар саросари Эрон баргузор шуд.

Бар асоси натоиҷи ин ҳамапурсӣ, ки дар 12 фарвардини 1358 ҳиҷрии шамсӣ (1 апрели 1979) эълом шуд, беш аз 98 дарсади воҷидин ширкат дар ҳамапурсӣ, бо барқарории Ҷумҳурии исломӣ мувофиқат карданд.

Ба ҳамин муносибат, рӯзи 12 фарвардин дар тақвими Эрон, Рӯзи Ҷумҳурии Исломии Эрон номгузорӣ шудааст.

Миллати Эрон бо ҳузури сарнавиштсози худ дар давоздаҳуми фарвардини 1358 ҳиҷрии шамсӣ ба унвони нахустин интихобот дар таърихи низоми муқаддаси Ҷумҳурии Исломии Эрон ба ҳамаи дунё нишон доданд, ки даврони мудохила ва тасмимгирии бегонагон барои миллати Эрон сипарӣ шудааст.

Ҳамчунин Инқилоби исломии Эрон бо гуфтумони навин, навидбахши озодӣ ва раҳоии миллатҳои ситамдида аз истеъмору истисмори низоми сармоядорӣ ва мояи умедбахшӣ ва дилгармии маҳрӯмону мустазъафони ҷаҳон шуду муаллафаҳои истикборситезӣ, султагурезӣ, адолатхоҳӣ ва истиқлолталабиро дар ҳаёти ҷавомеъи озодихоҳ ва ҳаққалаб ҷорӣува ваъдаи илоҳӣ, ғалаба ва пирӯзии онон бар ҷабҳаи ботилро айният бахшид.