Шикасти куштигири тоҷик муқобили куштигири эронӣ
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i113494
Дар вазни 61 килограм Ризо Атрӣ дар даври нахуст бо натиҷаи 4 бар 4 аз садди Коисей Танабе аз Ҷопон гузашт.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Апрел 12, 2024 20:57 Asia/Dushanbe
  • Атрӣ 5 бар сифр Ҷамшед Шарифов аз Тоҷикистонро мағлуб кард
    Атрӣ 5 бар сифр Ҷамшед Шарифов аз Тоҷикистонро мағлуб кард

Дар вазни 61 килограм Ризо Атрӣ дар даври нахуст бо натиҷаи 4 бар 4 аз садди Коисей Танабе аз Ҷопон гузашт.

Вай дар даври баъдӣ бо натиҷаи 5 бар сифр Ҷамшед Шарифов аз Тоҷикистонро мағлуб кард ва ба марҳалаи ниманиҳоӣ роҳ ёфт.

Атрӣ дар ин марҳала муқобили Тоирбек Жулдошбек уулу - дорандаи медали бронзи ҷаҳон ва қаҳрамони Осиё аз Қирғизистон бо натиҷаи 11 бар 7 мағлуб шуд ва ба дидори раддабандӣ рафт.

Атрӣ дар ин дидор муқобили Кум Чул Рай аз Кореяи Шимолӣ бо натиҷаи 11 бар сифр шикаст хӯрд ва панҷум шуд.