Апрел 14, 2024 15:18 Asia/Dushanbe
  • Вазири умури хориҷаи Эрон: Ба Амрико ҳушдори лозим дода шудааст
    Вазири умури хориҷаи Эрон: Ба Амрико ҳушдори лозим дода шудааст

Вазири умури хориҷаи Эрон бо ишора ба тамоси телефонии вазирони умури хориҷаи Ҳоланд, Белгия ва Кипр гуфт, дар ин гуфтугӯҳо бо табйини мавозеи Ҷумҳурии Исломии Эрон дар пайи ҳамлаи ахири режими Исроил ба онҳо гуфта шуд, ки ба Амрико ҳушдори лозим дода шудааст.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, дар идомаи тамосҳои телефонии теъдоде аз вазирони умури хориҷаи кишварҳои аврупоӣ бо Ҳусейни Амирабдуллоҳиён, вазири умури хориҷаи Эрон, вазирони умури хориҷаи Русия, Белгия, Ҳоланд ва Кипр низ рӯзи шанбе бо Амирабдуллоҳиён телефонӣ гуфтугӯ карданд .

Дар ҳамин иртибот, вазири умури хориҷаи Эрон дар шабакаи иҷтимоии "Икс" бо ишора ба ин ки рӯзи шанбе тамоси телефонии ҳамтоёнаш аз Ҳоланд, Белгия ва Кипрро дарёфт кардааст, навишт: Дар бораи ҳамлаи террористии ахири режими Исроил ба бахши консулии Сафорати Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Димишқ ва нақзи ҳуқуқи байналмилал ва конвенсияҳои Вена идеяҳоеро матраҳ карданд ва мавозеи Эрон низ табйин шуд .

Вазири умури хориҷаи Эрон бо таъкиди ин ки дар ин тамосҳои телефонӣ ба Амрико ҳушдори лозим дода шудааст, ба ройзании телефонӣ бо вазирони хориҷаи Русия низ ишора карду афзуд, дар гуфтугӯ бо вазири хориҷаи Русия охирин таҳаввулоти байналмилалӣ, минтақаӣ ва Ғазза мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Барчасп