Апрел 18, 2024 10:19 Asia/Dushanbe

Вазири умӯри хориҷа Эрон гуфт , Ҷумҳурии Исломии Эрон пеш аз амалиёти танбеҳии Ваъдаи содиқи зидди режими наслкуши Исроил , давлати Амрикоро огоҳ карда буд .

Ба гузориши Ирно , « Ҳусайни Амирабдуллоҳён » вазири умӯри хориҷаи Эрон дар бади вуруд ба Ню-Йорк дар бораи амалиёти танбеҳии Ваъдаи содиқ бо ишора ба ҷинояти режими саҳюнистӣ дар ҳамла ба бахши консулии сафорати Эрон дар Димишқ ва интиқод аз инфеъоли Созмони Милал ва Шӯрои амният дар маҳкӯмияти ин ҷиноят гуфт , аз замоне, ки дар Ҷумҳурии Исломии Эрон тасмим гирифт дар чорчӯби ҳуқуқи байналмилал ва дифои машрӯъ , посухи лозим ба режим Исроил дода ҳушдору танбеҳи лозим сӯрат бигирад , ба давлати Амрико итилоъ дода шуд .

Амирабдуллоҳиёни афзӯд , баъд аз амалиёти танбеҳии Ваъдаи содиқ низ паёми дигарӣ ба Амрико аз маҷории диплумотики ирсол ва ба сароҳату равшанӣ эълом шуд ки Эрон ба дунболи тавсеаи таниш дар минтақа нест ва он чизе ки тавсеаи таниш дар минтақаро метавонад афзоиш диҳад , рафторҳои режим саҳюнистӣ аст .

Вазири умури хориҷаи Эрон ҳамчунин дар бораи ҳадафи сафари худ ба Ню-Йорк гуфт , дар нишаст Шӯрои амнияти Созмони Милал ки бар баррасии таҳаввулоти Ғарби Осиё мавзӯи Фаластин мутамаркиз аст , дидгоҳҳои Эрон дар ростои зарурати тасбити сулҳу амнияти пойдор дар минтақа табин ва барои таваққуфи фаврии ҷанг , ирсоли кумакҳои густардаи инсондӯстона ва соири масойили муртабит бо мавзӯи Фаластин ва амнияти минтақа ройзанӣ хоҳад шуд .

«Ҳусайн Амирабдуллоҳиён » вазири умури хориҷаи Эрон рӯзи чаҳоршанбе барои ширкат дар нишаст Шӯрои амнияти Созмони Милал вориди фурудгоҳи Ҷонов Кеннеди Ню-Йорк шуд .

Барчасп