Афзоиши ҳамкориҳои амниятӣ ва зидди тероризм ; меҳвари дидори мақомоти Эрон ва Покистон
Вазири дифои Покистон ва сафири Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Исломобод дар бораи густариши ҳамкориҳои амниятӣ , муборизаи муштараки алайҳи тероризм ва ҳамчунин талоши бештар барои таъмини амнияти марзии муштараки ду кишвари ҳамсоя гуфтугӯ карданд .
Ба гузориши хабаргузории Садо ва Симо ; « Ризо Амири Муқдам » сафири Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Покистон дар ҷараёни дидор бо « Хоҷаи Осиф » вазири дифои ин кишвар дар хусӯси мавзӯъоти мавриди алоқаи дуҷониба ба вижа ҳамкориҳои амниятии миёни ду кишвари ҳамсоя ба ройзанӣ пардохт .
Тарафайн дар ин дидор ки дар остонаи сафари « Сайид Иброҳими Раисӣ » раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон ба Покистон анҷом шуд , бар зарурати истифода аз тавонмандии болои ду кишвар барои ҳамкорӣ дар арсаи дифоӣ ва амниятӣ бо ҳадафи кумаки ҳарчӣ бештар ба сулҳи минтақаӣ ва таъмини амнияти марзҳои муштарак таъкид карданд .
« Хоҷа Муҳамад Осиф » вазири дифои Покистон дар ин дидор бо ибрози хурсандӣ аз пайвандҳои ногусастании Эрону Покистон ба вижа равобити торихӣ ва бародаронаи ду кишвар , хостори фаъолсозии бештари камиссиюни муштараки марзӣ барои мудирияти беҳтари марзҳои ду кишвар ҳамсоя шуд .
Амири Муқдам дар ин дидор бо тамҷид аз тавони дифоии Покистон гуфт ду кишвар зарфиятҳои билқувва барои ҳамкориҳои бештар дар заминаи ҳамкориҳои дифоӣ ва энержӣ доранд .