Таъкиди Раисӣ бар густариши равобити Эрон ва Покистон
Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон бо таъкид бар густариши равобити ду ҷонибаи Теҳрон ва Исломобод гуфт: Ҷумҳурии Исломии Эрон дар ростои сиёсати ҳамсоягӣ, мусаммам ба бардоштани гомҳои ҷадид дар тавсеа ва иртиқои равобит бо кишварҳои ҳамсоя ва ҳамсу аст.
Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон ба даъвати расмии раиси Ҷумҳурии Покистон дар садри ҳайати олирутба аз мақомоти иқтисодӣ ва сиёсӣ ба Исломобод, сафар кард .
Ба гузориши ИРНА, Сайид Иброҳими Раисӣ раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон имруз душанбеи пеш аз сафар ба Покистон ин кишварро аз ҷумлаи кишварҳои муҳими ҷануби Осиё ва дорои равобити деринаи тарихӣ ва тамаддуни бо Эрон донисту гуфт: Ҳамвора равобити сиёсӣ ва иқтисодӣ ва низ ҳамкориҳои минтақаи ва фароминтақаӣ мавриди тавваҷуҳи ду кишвар буда аст .
Доктори Раисӣ ҳамчунин бо баёни ин ки сатҳи равобити иқтисодии Ҷумҳурии Исломии Эрон ва Покистон ба мизони сатҳи равобит сиёсӣ нест аз ҳадафгузории 10 миллиарддолларии мубодилоти тиҷорӣ ва иқтисодӣ бо тавваҷуҳ ба зарфиятҳои қобили тавваҷуҳи ду кишвар дар ин замина хабар дод .