Апрел 25, 2024 11:06 Asia/Dushanbe
  • Эрон хостори иқдоми фаврии Созмони Милал барои тавақуфи наслкуши дар борикаи Ғазза шуд
    Эрон хостори иқдоми фаврии Созмони Милал барои тавақуфи наслкуши дар борикаи Ғазза шуд

Намояндаи Эрон дар Женев дар номаҳои ба раиси кумитаи байналмилалии cалиби cурх ва камисяри олии ҳуқуқи башари Созмони Милал иқдоми фаврии созмонҳои байналмилалӣ барои таваққуф аз наслкуширо хостор шуд.

Ба гузориши ИРНА, Алии Баҳрайни сафир ва намояндаи доими Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Женев дар номаҳои ҷудогонаи хитоб ба раиси кумитаи байналмилалии салиби сурх ва камисар олиии ҳуқуқи башари Созмони Милал зимни баршумурдани феҳрести аз мавориди ҷиноятҳои ҷангӣ, ҷиноёт зидди башарият ва наслкуши ки тавассути режими саҳюнистӣ дар борикаи Ғазза ба вуқуқъ пайваст навишт: сабъияти режими саҳюнистӣ дар борикаи Ғазза дигар сабаби шигифтии ҳеҷкас нест ин наслкуширо фавран мутавақиф кунед.

Сафир ва намояндаи доими Эрон дар Женев бо ишора ба гузориши муассисаи дифоъи шаҳрванди мабни бар кашфи гури ҷамъи шуҳадои фаластинӣ, ки тавассути неруҳои исроилӣ дар муҷтамаи пизишки Носир дар Хонюнуси борикаи Ғазза кушта ва дафн шуда буданд дар ин нома таъкид кард: Ин воқеъият нишон медиҳад агар ин ҷиноёти ваҳшатнок фавран мутаваққиф нашавад лоҷарам шоҳиди такрори чунин фоҷеъаи хоҳем буд.

Баҳрайни дар ин номаҳо бо истинод ба ҳуқуқи байналмилалӣ, ҳуқуқи байналмилалии башардустона ва асноди муҳими байналмилалӣ аз қабили конвенсиюнҳои чаҳоргонаи Женев ҳамла ба бемористонҳо ва маконҳои дармони, гуруснаги додан ба мардум унвони абзори ҷангӣ пешгири аз интиқоли кумакҳои башардустона ва мавориди аз ин қабилро мисдоқи ғайри қобили инкори ҷиноёт зидди башарият ва ҷинояти ҷанги хонд.

Барчасп