Май 07, 2024 13:00 Asia/Dushanbe
  • Вазири умури хориҷаи Эрон: Равобити Эрон ва минтақаи Курдистони Ироқ дӯстона ва ногусастанӣ аст

Вазири умури хориҷаи Эрон равобити Эрон ва минтақаи Курдистон Ироқро қадимӣ, дӯстона ва ногусастанӣ донист.

 Ба гузориши ИРНА,Ҳусайни Амирабдуллоҳиён дар дидори раиси минтақаи Курдистони Ироқ афзуд, сафари Начирвон Боризони ва ҳайати ҳамроҳаш ба Теҳрон фурсати муҳимме дар тақвияти равобити дуҷониба дар ҳавзаи иқтисодӣ ва тиҷорӣ аст.

 Амирабдуллоҳиён афзоиши нақши минтақаи Курдистони Ироқ дар чорчуби Қонуни асосии ин кишварро мавриди эҳтимоми ҷиддии Ҷумҳурии Исломии Эрон донист ва бо ишора ба равобити бародарона миёни мақомоти минтақаи Курдистони Ироқ ва Ҷумҳурии Исломии Эрон гуфт: Ин равобит дар хидмати муносиботи дӯстона ва созанда миёни ду кишвари Эрон ва Ироқ қарор дорад.

Раиси минтақаи Курдистони Ироқ низ бо баён инки Ҷумҳурии Исломии Эрон дар тамоми таҳаввулоти таърихӣ ва муҳим дар канори минтақаи Курдистон ва Ироқ будааст, нақши Ҷумҳурии Исломии Эрон дар раванди таҳаввулоти Ироқро таърихӣ, созанда ва мондагор донист.

 Начирвон Боризонӣ бо таҷлил аз нақши сардор, сипаҳбуди шаҳид  Қосим Сулаймонӣ-фармондеҳи пешини неруи Қудси Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ дар тақвияти амнияти минтақа афзуд, амнияти Эрон амнияти Ироқ ва минтақаи Курдистон аст ва ин минтақа ҳаргиз нуқтаи таҳдиде зидди Ҷумҳурии Исломии Эрон нахоҳад буд.

 Раиси минтақаи Курдистони Ироқ бо ишора ба тавофуқи амниятӣ ва ташкили кумитаи муштараки амниятӣ миёни ду кишвари Эрон ва Ироқ тасреҳ кард, гомҳои муассире дар иҷрои ин тавофуқ бардошта шудааст ва бо ҷидияти тамом, иҷрои комил ин тавофуқ думбол хоҳад шуд.

 

Барчасп