Оғози маросими панҷумин конгресси ҷаҳонии ҳазрати Ризо алайҳиссалом дар Машҳади + филм
(last modified Mon, 13 May 2024 07:25:28 GMT )
Май 13, 2024 12:25 Asia/Dushanbe

Панҷумин конгресси ҷаҳонии ҳазрати Ризо ( а) бо шиор « Адолат барои ҳама , зулм ба ҳечкас » аз имрӯз 24 урдибиҳишт моҳ ( 13 май 2024 ) ба муддати ду рӯз бо ҳузури андешмандони дохилӣ ва хориҷӣ дар толори Қудси ҳарами мутаҳҳари Разавӣ оғоз ба кор кард .

Ба гузориши Шаҳророниюз , нахустин конгресси ҷаҳонии соли 1362 хуршедӣ баргузор ва то соли 1372 се конгресси дигар бо ҳузури андешмандон , уламо ва фузало аз саросари ҷаҳон баргузор шуд .

Ин конгресс пас аз таваққуфи 30 сола ва бо таъкиди тавлияти остони Қудси Разавӣ оғоз ба кор кардааст.

Бар асоси ин хабар дар маросими ифтитоҳияи конгресс , паёми тасвирии Раҳбари муаззами инқилоб пахш хоҳад шуд , суханронии раиси ҷумҳӯр ва тавлияти остони Қудси Разавӣ ва ҳамчунин қироати паёми Оятуллоҳи Макорими Шерозӣ , Оятуллоҳи Субҳонӣ ва Оятуллоҳи Ҷаводии Омулӣ аз мароҷеъи тақлид аз дигар барномаҳои ин конгресси ду рӯзааст .