Таъкиди мудири қувваи муҷрияи Эрон бар афзоиши таомулоти иқтисодии Эрон ва Уммон
Мудири қувваи муҷрияи Эрон равобити Эрон ва Уммонро таърихӣ ва бародарона хонд ва гуфт: Дар сурати баҳрагирӣ аз зарфиятҳо, таомулоти иқтисодӣ ва тиҷорӣ байни Эрон ва Уммон то чандин баробари мизони феълӣ афзоиш хоҳад ёфт.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон , Муҳаммади Мухбир рӯзи душанбе дар дидори Бадр ибни Ҳамад ал-Бӯсаъидӣ-вазири умури хориҷаи Уммон зимни ташаккури самимона аз ҳамдилӣ, ҳамдардӣ ва ибрози маваддати давлат ва миллати Уммон бо давлат ва миллати Эрон дар пайи шаҳодати Сайид Иброҳим Раисӣ-раисҷумҳурӣ ва вазири умури хориҷаи Эрон, бар идомаи роҳбурди Ҷумҳурии Исломии Эрон бар тавсеа ва густариши ҳамкориҳои ҳамаҷониба бо Уммон таъкид кард.
Мухбир бо таърихӣ ва бародарона хондани робитаи Ҷумҳурии Исломии Эрон ва Уммон тасреҳ кард: Зарфиятҳои истифоданашудае дар ду кишвар ба вежа дар бахши иқтисодӣ вуҷуд дорад, ки дар сурати баҳрагирӣ аз ин зарфиятҳо, таомулот ва табодулоти тиҷорӣ афзоиш хоҳад ёфт.
Бадр ибни Ҳамад ал-Бӯсаъидӣ-вазири умури хориҷаи Уммон низ бо баёни инки ҳомили паёми ҳамдардӣ ва тасалияти Султон Ҳисом ибни Ториқ, давлат ва миллати Уммон хитоб ба Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ, масъулони давлати Ҷумҳурии исломӣ ва миллати Эрон аст, гуфт: Давлат ва миллати Уммон дар ин ҳодисаи талх ва ғамбор дӯстони самимӣ худро аз даст дода ва шарики ғами миллати Эрон аст.
Вазири хориҷаи Уммон бо орзуи муваффақият барои давлати Эрон дар тадовуми хидматрсонӣ ба миллат ва ҳамчунин таҳаққуқи аҳдофи раисҷумҳури шаҳид дар тавсеа ва ҳамафзоӣ бо кишварҳои исломӣ аз ҷумла Уммон, равобити ду кишвари Эрон ва Уммонро роҳбурдӣ ва муҳим тавсиф ва бар алоқамандии кишвараш барои густариш ва танаввӯъбахшӣ ба равобит бо Ҷумҳурии Исломии Эрон таъкид кард.