Тафсир. Шукуфоии санъати кишвар мероси давлати сездаҳуми Эрон
Яке аз арсаҳое, ки таи чанд соли ахир ва дар даврони раёсати ҷумҳурии ниматамоми оятуллоҳ Раисӣ бо вуҷуди истимрори фишорҳои ношӣ аз таҳримҳои золимона, бо рушду таҳаввули мусбат ҳамроҳ буда, бахши саноати Эрон асту рейлгузории давлати сездаҳум дар масири тавлиди санъатӣ вазъияти онро дар кишвар беҳбуд бахшидааст.
Тибқи аҳдофи калони иқтисодӣ саҳми санъат, маъдан ва тиҷорат дар тавлиди нохолиси дохилӣ дар чашмандози соли 1404 бояд ба 37. 4 дарсад афзоиш ёбад ва саҳми бахши санъат аз иштиғоли кишвар тайи соли гузашта барои аввалин бор ба 41 дарсад расиду ҷомеаи санъатӣ аз ҳашт миллиону 400 ҳазор нафар убур кард.
Бар асоси охирин гузоришҳои мунташиршуда, дар бахши санъати Эрон рушди мустамар ва 8. 3 дарсадии шохиси тавлиди коргоҳҳои бузурги санъатӣ дар 2 сол бо сиёсатҳои ҳимоятии давлати сездаҳум рақам хӯрд, ки ба рушди мустамари тавлидоти санъатӣ ва саҳми содирот мунҷар шудааст.
Поиши вазъияти корхонаҳо ва воҳидҳои тавлидиву санъатӣ яке аз муҳимтарин иқдомоти давлати сездаҳум буд, ки дар ҳамин росто ба шиносоии воҳидҳои рукуду ниматаътил афзоиши зарфияти исмии тавлиди воҳидҳои санъативу рафъи мавонеи тавлид мунҷар шуд.
Давлати сездаҳум ва шахси шаҳид ҷумҳур оятуллоҳ Раисӣ аз замоне ки бар рӯй кор омад, бар фаъолсозии зарфиятҳои билоистифодаву муъатталмондаи 40 дарсадии зарфияти бахши тавлиду санъат таъкид кард ва Вазорати санъат, маъдан ва тиҷорат барномаҳои роҳбурдии худро дар ҳафт меҳвари рушди иқтисодӣ дар бахши санъат, маъдану тиҷорат, рушди мустамари тавлидоти санъативу маъданӣ, афзоиши ҳаҷми тиҷорат ҳамроҳ бо коҳиши тарози тиҷории ғайринафтӣ ва тағйири таркиби воридот бо авлавияти ниёзҳои бахши муваллиди иқтисод, сармоягузорӣ дар мошинолоту таҷҳизоти тавлидӣ, коҳиши мустамари таварруми тавлидкунанда, раванди коҳишии қимати колоҳои санъатии ғайрихурокӣ дар сабади масрафи хонивору иштиғол тадвин кард ва бо сиёсатгузорӣ, рафъи мавонеи тавлид, пардохти тасҳилот, рафъи мушкилоти молиётиву бимаӣ, таъмини сармояи дар гардиш, савқи сармояҳои саргардон ба самти тавлиду ироаи бастаҳои ҳимоятӣ, бахши санъатро эҳё кард.
Дар давлати сездаҳум 8 ҳазору 770 воҳиди тавлидии таътилӣ фаъол шуда ва танҳо дар соли 1402 беш аз 1200 пружаи умронии бузургу кучак ба арзиши рӯз беш аз 500 ҳазор миллиард тумон ба баҳрабардорӣ расидааст.
Баррасии вазъияти шохиси қимати тавлидкунандаи бахши санъату зирбхшҳои аслии он таии солҳои 1395 то 1402 нишон медиҳад ки таваррум дар ин бахш аз 56 . 8 дарсад дар соли 1399 ба 29 . 9 дарсад дар соли 1402 расидаасту коҳиши чашмгире доштааст.
Ҳамчунин бо вуҷуди таҳримҳову мавонеи мавҷуд, санъати нафту гази Эрон таи чанд соли ахир омору арқоми чашмгиреро барҷой гузошт, ба тавре ки аз маҳали фурӯши нафт даромади 36 миллиарддолларӣ ҳосил шуд. Тавлиди нафт 24 дарсад аст.
Дар маҷмуъ сиёсатҳои иқтисодии давлати сездаҳум бар ду меҳвари асосӣ шакл гирифт, ки нишондиҳандаи осебшиносии дуруст аз вазъият аст. Меҳвари аввал хориҷ кардани иқтисоди Эрон аз рукуд ва меҳвари дувуми ҳам контроли рушди таваррум буд, ки дар ин росто дар шашмоҳаи аввали шуруъ ба кори давлати сездаҳум, санаде таҳти унвони «Нақшаи роҳи рушди ғайритаваррумӣ» тавассути Вазорати иқтисоду дороӣ омода ва ба ситоди ҳамоҳангии иқтисодии давлат ироа шуд ва бо бархе ислоҳот тавассути аъзои иқтисодии давлат ба таъйид расид ва ҳосили ин ҷиҳатгириҳо дар ниҳоят боис шуд дар соли 1402 рушди иқтисодии болое дар иқтисоди Эрон ба сабт бирасад.