Русия: Қатъномаи ахир, ҳамкории Эрон ва Ожонси атомиро печидатар мекунад
Намояндаи Русия дар Вена гуфт : Тасвиби қатъномаи зиддиэронӣ дар ҷаласаи Шӯрои мудирони Ожонси байналмилалии атомӣ танҳо боиси печидатар шудани равобити Эрон ва Рафаэл Гарусӣ, мудири кулли ин ожонс хоҳад шуд.
Дар идомаи иқдомоти хасмонаи кишварҳои ғарбӣ зидди барномаи ҳастаии Эрон, қатъномаи пешниҳодии се кишвари аврупоии Британиё, Фаронса ва Олмон, зидди барномаи сулҳомези ҳастаии Эрон рӯзи чаҳоршанбе (5 июн) дар Шӯрои мудирони Ожонс байналмилалии энергии атомӣ тасвиб шуд. Дар қатъномаи пешниҳодии ин се кишвар, ки бо 20 раъйи мувофиқ, ду раъйи мухолиф ва 12 раъйи бетарафи тасвиб шуд, бидуни ишора ба ҳамкориҳои Эрон бо Ожонси байналмилалии энергии атомӣ аз Теҳрон хоста шуда, то барои ҳаллу фасли масоили иддаии подмони «иқдомоти зарурӣ ва фаврӣ» сурат диҳад!.
Ба гузориши рӯзи панҷшанбеи ИСНА, Михоил Улянов, намояндаи вежаи Русия дар созмонҳои байналмилалӣ дар Венаи Австрия дар ин бора дар шабакаи иҷтимоии Х навишт: Чин ва Русия ба қатъномаи зиддиэронӣ дар Шӯрои мудирони Ожонси байналмилалии энергии атомӣ раъйи манфӣ доданд, чароки ин қатънома ба шакли дорои аҳамияти ҳамкории миёни Теҳрон ва мудири кулли Ожонси атомиро печидатар хоҳад кард, ба ҳамин хотир 12 кишвар аз ҷаҳони ҷануб раъйи бетарафона доданд.