Июн 07, 2024 19:53 Asia/Dushanbe
  • Рақобатҳои тенниси рӯи миз дар Шветсия
    Рақобатҳои тенниси рӯи миз дар Шветсия

Мусобиқоти теннис рӯи миз дар Шветсия бо касби як нишони тилло ва як бронз барои намояндагони Эрон ба поён расид.

Ба гузориши Хабаргузории садо ва симо, дар поёни рақобатҳои тенниси рӯи миз дар Шветсия Фарози Шикеб дар дар раддаи синнии навҷавонони зери 13 сол ба нишони тилло расид ва Бенёмин Фараҷӣ дар раддаи зери 17 сол соҳиби нишони бронз шуд.

Дар финали навҷавонон дар раддаи синнии зери 13 соли ин мусобиқот Фарози Шикеб аз Эрон дар масоф бо Луи Ян чанг аз Тайван бо натиҷаи наздики 3 бар 2 ба пирӯзӣ расиду медали тиллои ҷаҳонии Шветсияро барои Эрон ба армуғон овард.

Шикеб дар марҳалаи ниманиҳоӣ низ бо иқтидор муваффақ шуд бо натиҷаи 3 бар сифр аз садди намояндаи Ирландия бигуарад ва ба даври поёнӣ роҳ ёбад.

Аммо дар марҳалаи нимапоёнии рақобатҳои зери 17 сол Бенёмин Фараҷӣ бо қабули шикасти 3 бар як дар муқобили Ку Гон Ҳонг аз Тайван ба медали бронзи мусобиқот даст ёфт.

 

Барчасп