Канъонӣ: Иқдоми Канада зидди Сипоҳи посдорон хушхидматӣ ба Исроил аст
(last modified Fri, 21 Jun 2024 13:09:22 GMT )
Июн 21, 2024 18:09 Asia/Dushanbe
  • Носири Канъонӣ, сухангӯи Вазорати умури хориҷаи Эрон
    Носири Канъонӣ, сухангӯи Вазорати умури хориҷаи Эрон

Сухангӯи Вазорати умури хориҷаи Эрон иқдоми Канада дар террористӣ тавсиф кардани Сипоҳи посдорони инқилоби исломиро авҷи хушхидматӣ ба режими саҳюнистӣ донист.

Давлати Канада, ки худ яке аз ҳомиёни аслии гуруҳҳои террористӣ ва паноҳгоҳи онҳо маҳсуб мешавад, рӯзи чаҳоршанбеи 19 июн дар иқдоме душманона ва муғойир бо қавонини байналмилалӣ, номи Сипоҳи посдорони инқилоби исломии Эронро дар листи ба истилоҳ «террористӣ» қарор дод.

Дар ҳамин росто ва ба гузориши Ирна, Носири Канъонӣ, сухангӯи Вазорати умури хориҷаи Эрон рӯзи ҷумъа дар ҳисоби корбарии худ дар шабакаи иҷтимоии “Икс” (Твиттери собиқ) навишт: Аз коргузорон ва ҳампаймонони режими саҳюнистӣ дур аз интизор нест, ки дар авҷи наслкушии фаластиниён ва куштори занону кӯдакони фаластинӣ тавассути ин режими ҷинояткор дар Ғазза, бузургтарин неруи зидди террористии ҷаҳонро террористӣ биноманд.

Канъонӣ афзуд: Иқдоми давлати Канада алайҳи Сипоҳи посдорони инқилоби исломии Эрон аз манзари мавозину усули пазируфташудаи ҳуқуқи байналмилал мардуд ва аз назари асар беарзиш аст, аммо ба равшанӣ гуёи авҷи хушхидматии давлатмардони ин кишвар ба режими саҳюнистӣ аст.