Ташйии бошукӯҳи ёри дерини имом Хумайнӣ (р), раҳбари инқилоб бар пайкари Оятуллоҳ Рафсанҷонӣ намоз хонданд
(last modified Tue, 10 Jan 2017 11:58:24 GMT )
Январ 10, 2017 16:58 Asia/Dushanbe

Маросими ташйии пайкари Оятуллоҳ Акбари Ҳошимии Рафсанҷонӣ, раиси фақиди Маҷмаи ташхиси маслиҳати низоми Эрон, бо ҳузури садҳо ҳазор тан аз мардум баргузор шуд ва ҳазрати Оятуллоҳ Хоманаӣ бо ҳузур дар ин маросим бар пайкари эшон намоз хонданд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, дар ин маросим раисони қувои сегона, аъзои Маҷмаи ташхиси маслиҳати низом, намояндагони Маҷлиси хубрагони раҳбарӣ ва Маҷлиси Шӯрои исломӣ, фармондеҳони аршади низомӣ ва интизомӣ, имомони ҷумъаи саросари Эрон, вазирони кобина, муовинони раисҷумҳур, устондорон ва дигар масъулони лашкарӣ ва кишварии Эрон ҳузур доштанд.

Мардуми қадршиноси Эрони исломӣ ҳам бо ҳузури густарда дар маросими ташйии пайкари Оятуллоҳ Ҳошимии Рафсанҷонӣ бо ёри дерини имом Хумайнӣ (р) ва ҳазрати Оятуллоҳ Хоманаӣ ва ҳамсангари наҳзати исломӣ видоъ карданд.

Пайкари Оятуллоҳ Ҳошимии Рафсанҷонӣ пас аз ташйиъ дар Донишгоҳи Теҳрон дар марқади имом Хумайнӣ (р) ба хок супурда шуд.

Раиси фақиди Маҷмаи ташхиси маслиҳати низоми Эрон якшанбе шаб ба далели оризаи қалбӣ дар бемористоне дар Теҳрон даргузашт.

 

Барчасп