Гузориши видеоӣ: Иқомаи намоз тавассути раҳбари инқилоб бар пайкари Оятуллоҳ Ҳошимии Рафсанҷонӣ
(last modified Tue, 10 Jan 2017 12:07:01 GMT )
Январ 10, 2017 17:07 Asia/Dushanbe

Ҳазрати Оятуллоҳ Хоманаӣ, раҳбари муаззами инқилоби исломӣ бо ҳузур дар маросими ташйии пайкари Оятуллоҳ Ҳошимии Рафсанҷонӣ дар Донишгоҳи Теҳрон бар пайкари раиси фақиди Маҷмаи ташхиси маслиҳати низом намоз хонданд.

Маросими ташйии пайкари марҳум Оятуллоҳ Ҳошимии Рафсанҷонӣ, раиси фақиди Маҷмаи ташхиси маслиҳати низом субҳи имрӯз сешанбе бо ҳузури густардаи ақшори мухталифи мардум дар Донишгоҳи Теҳрон баргузор шуд.