Табрики сарону мақомоти кишварҳои ҷаҳон ба раисиҷумҳури мунтахаби Эрон
(last modified Sat, 06 Jul 2024 13:01:47 GMT )
Июл 06, 2024 18:01 Asia/Dushanbe
  • Табрики сарону мақомоти кишварҳои ҷаҳон ба раисиҷумҳури мунтахаби Эрон

Ҷамъе аз сарону мақомоти кишварҳои мухталифи ҷаҳон, пирӯзии Масъуди Пизишкиён дар чаҳордаҳумин даври интихоботи раёсатҷумҳурии Эронро табрик гуфтанд.

Ба гузориши ИРНА, Владимир Путин, раисиҷумҳури Русия бо ирсоли паёми табрик ба Масъуди Пизишкиён, раисиҷумҳури мунтахаби миллати Эрон, пирӯзии вай дар интихоботро табрик гуфт ва хотирнишон кард, ки равобит байни Русия ва Эрон дӯстона ва бар пояи ҳусни ҳамҷаворӣ аст.

Осиф Алӣ Зардорӣ, раисиҷумҳури Покистон низ рӯзи шанбе дар паёме хитоб ба раисиҷумҳури мунтахаби Эрон, зимни табрики интихоби вай ба унвони нуҳумин раисиҷумҳурии Эрон, ибрози умедворӣ кард, ки равобити Эрону Покистон беш аз пеши қавитар шавад.

Сардор Аёз Содиқ, раиси Маҷлиси миллии Покистон низ дар паёме пирӯзии Масъуди Пизишкиён дар интихоботи раёсатҷумҳурии Эронро табрик гуфт ва бар зарурати густариши равобити дуҷониба бо Ҷумҳурии Исломии Эрон таъкид кард.

Давлати Венесуэла низ бо судӯри баёнияе пирӯзии Масъуди Пизишкиёнро табрик гуфт ва бар омодагии Каракас барои «тақвияти равобити бародарона миёни ду миллат» дар давраи ҷадид, таъкид кард.

Айвон Хейл, вазири хориҷаи Венесуэла ҳам дар ҳисоби корбарии худ дар шабакаи иҷтимои “Х”, навишт: Ҷумҳурии Боливорӣ, ба мардуми Ҷумҳурии Исломии Эрон ба далели тааҳҳуде, ки (аз худ) ба демократия дар панҷуми июли 2024 нишон доданд, табрик мегуяд.

Илҳом Алиев, раисиҷумҳурии Озарбойҷон низ бо ирсоли паёме ба Масъуди Пизишкиён зимни табрики пирӯзии  ва дар чаҳордаҳумин интихоботи раёсатҷумҳурии Эрон гуфт, ки Бокӯ аҳаммияти зиёде барои равобит бо Ҷумҳурии Исломии Эрон, ки бар пояҳои муҳкаме монанди решаҳои муштараки мазҳабӣ ва фарҳангӣ, дӯстӣ ва бародарӣ бино шудааст, қоил аст.

Абдуллатиф Рашид, раисиҷумҳурии Ироқ ҳам пирӯзии Пизишкиёнро табрик гуфт ва бар иҳтимоми Бағдод бар тақвияти равобити миёни Ироқу Эрон дар ростои хизмат ба манофеи ду кишвар ва миллати ҳамсоя таъкид кард.

Аммор Ҳаким, раҳбари Ҷараёни ҳикмати миллии Ироқ низ дар паёми табрики худ ба Пизишкиён ба муносибати пирӯзӣ дар интихоботи раёсатҷумҳурии Эрон ибрози умедворӣ кард, ки раисиҷумҳури ҷадиди Эрон ба ҳалли ихтилофот дар минтақа ва ҷаҳон кумак кунад.

Башор Асад, раисҷумҳури Сурия ҳам дар паёми табрик ба Масъуди Пизишкиён, эътимоди миллати Эрон ба вай ва муваффақият дар раванди баргузории интихоботро ба Раҳбари муаззами Инқилоби Исломӣ ва миллати Ҷумҳурии Исломии Эрон табрик гуфт.

Созмони Ҳамкории Шанхай низ дар баёнияе зимни табрики интихоби Масъуди Пизишкиён ба унвони раисиҷумҳури Эрон, эълом кард, ки Созмони Ҳамкории Шанхай мутааҳҳид ба кор бо ҳамкорони эронӣ барои тазмини тавсеаи ин созмон ба унвони яке аз тазминкунандаҳои аслии тобоварии ҷаҳонӣ, амнияти минтақаӣ ва созу кори ҳамкории мутақобили сӯдманди ду турфа барои муваффақияти ҳамаи аъзо аст.