Муваффақияте дигар барои ҷаҳони ислом; Баҳрабардорӣ аз нахустин моҳвораи печидаи сохти Эрон то як моҳи оянда
(last modified Sat, 06 Jul 2024 13:36:38 GMT )
Июл 06, 2024 18:36 Asia/Dushanbe
  • Муваффақияте дигар барои ҷаҳони ислом; Баҳрабардорӣ аз нахустин моҳвораи печидаи сохти Эрон то як моҳи оянда

Порс тудей - Вазири иртибототу фанноварии иттилооти Ҷумҳурии Исломии Эрон аз баҳрабардорӣ аз нахустин моҳвораи печидаи сохти Эрон то як моҳи оянда хабар дод.

Исо Зореъпӯр, вазири иртибототу фанноварии иттилооти Эрон дар хусӯси охирин вазъияти моҳвораи санҷишии «Порси 2»-и Эрон, гуфт, ин моҳвора дар марҳалаи ниҳоӣ қарор дорад ва умедворем додаҳои он ба зудди мавриди истифода қарор гирад.

Зореъпур дар хусӯси замони партоби ин моҳвора ва қароргирии он дар мадор хотирнишон кард, ин моҳвора зарфи як моҳи оянда амалиётӣ хоҳад шуд.

Бар асоси эъломи вазири иртибототу фанноварии иттилооти Эрон, донишмандони эронӣ хоҳанд тавонист аз зарфият ва додаҳои фазоии ин моҳвора ҳам аз тасвир ва ҳамчунин маҳмӯлаҳои фазоӣ истифода кунанд.

Зореъпӯр бо ишора ба ин масаъла, ки хонаводаи моҳвораҳои “Порс” санҷишӣ буда ва аз додаҳои тасвирии онҳо дар кишвар баҳрабардорӣ мешавад, тасреҳ кард, моҳвораи “Порс 2” илова бар тасовири маъмӯлии сиёҳу сафед (бо диққати тасвирбардории 8 метр), тасовир дид дар шаб ҳам дорад.

Вазири иртиботот ва фанноварии иттилооти Эрон дар поён хотирнишон кард, дуруст аст, ки диққати тасовири моҳвораи «Порс 2» ба андозаи тасовири моҳвораи эронии «Хайём» нест, аммо нахустин моҳвораи печидаи сохти Эрон аст, ки маҳмӯлаҳои мутааддиде бо худ дорад, ки так ба так мавриди тест ва арзёбӣ қарор гирифтаанд.

Аз миёни кишварҳои соҳиби чархаи фазоӣ токунӯн 6 кишвар аз ҷумла Эрон муваффақ ба партоби мавҷӯдоти зинда ба фазо шудаанд ва дар ҳавзаи моҳвора бар сирфан 12 кишвар тавонмандии тарроҳӣ, сохту партоби моҳворабарро доранд, ки Ҷумҳурии Исломии Эрон яке аз ин 12 кишвар дар ҷаҳон аст.

 

Барчасп