Июл 06, 2024 19:04 Asia/Dushanbe
  • Варзишкори коргари эронӣ рекорддори Гиннес шуд

Алии Беҳбудифар, яке аз коргарони маҷмӯаи Фӯлоди муборакаи Сипоҳон дар чархиши туби баскетбол рекорддори Гиннес шуд.

Ба гузориши гуруҳи варзишии хабаргузории Садо ва симо, Алии Беҳбудифар, яке аз коргарони маҷмӯъаи Фӯлоди муборакаи Сипоҳон ва аз хонаводаи варзиши коргарии Эрон ба тозагӣ дар Иморот тавонист дар чархиши туби баскетбол рекорддори Гиннес шавад.

Беҳбудифар рекорди чархиши туби баскетболро ба мизони як дақиқаву 47 сония ба номи худаш ба сабт расонд.

Вай дар бораи рекордшиканиҳояш гуфт, саъй дорам 10 рекорди Гиннесро, ки дар ихтиёри варзишкорони кишварҳои мухталиф аст, ба номи Эрон ба сабт бирасонам ва ифтихороти зиёдеро барои Эрон бадаст биоварам.

 

Барчасп