Эътирози сафири Эрон дар Созмони Милал ба шурои амният дар пайи иддаоҳои воҳии иттиҳодияи араб
(last modified 2024-07-07T07:50:36+00:00 )
Июл 07, 2024 12:50 Asia/Dushanbe
  • Эътирози сафири Эрон дар Созмони Милал ба шурои амният дар пайи иддаоҳои воҳии иттиҳодияи араб
    Эътирози сафири Эрон дар Созмони Милал ба шурои амният дар пайи иддаоҳои воҳии иттиҳодияи араб

Сафир ва намояндаи доими Эрон назд Созмони Милали Муттаҳид дар пайи иддаоҳои воҳии иттиҳодияи араб ба шурои амнияти Созмони Милали Муттаҳид эътироз кард.

Ба гузориши ИРНА дар пайи иддаоҳои беасоси иттиҳодияи кишварҳои араби зиди Ҷумҳурии Исломии Эрон, Амирсаъиди Еревон сафир ва намояндаи доими Ҷумҳурии Исломии Эрон назд Созмони Милали Муттаҳид дар номаи хитоб ба шурои амният ба шиддати иттиҳомоти ноҳақ ва беасос зиди ҳокимият ва тамомияти арзии Эронро ки дар банди 11 баёнияи иттиҳодияи кишварҳои арабии матраҳ шудааст, маҳкум ва қотеъона рад карда ва ин иқдомро дахолати ошкор ва ноодилона дар умӯри дохилии Ҷумҳурии Исломӣ Эрон хонд .

Дар номаи сафири Эрон дар созмони милали муттаҳид омадааст баёнияи кишварҳои арабии зиди Эрон натанҳо бо руҳи ҳасани ҳамҷаворӣ муғоират дорад , балки нақзи ошкори усули бунёдии ҳуқуқи байналмилал ва маншури созмони милал ба вижаи усули баробарии ҳокимиятӣ ва мудохила накардан дар умури дохилӣ кишварҳо аст .

Дар ин нома омадааст , Ҷумҳурии Исломии Эрони бори дигар бар ҳокимияти ғайриқобилии инкори худ бар ҷазоири Эронии Мусо , Тунби бузург ва Тунби кучак дар халиҷи Форс таъкид мекунад .

Ҷумҳурии исломии Эрон ҳамчунин истифода аз номи ҷаълӣ барои халиҷи Форс дар бандҳои 11 ва 16 баёнияи мазкурро ба шиддат маҳкум карда ва онро ғайриқобилии қабул дониста аст .

Ҷумҳурии Исломии Эрон таъкид кардааст ки "Халиҷи Форс“ танҳо номи қонунӣ ва муътабари ҷуғрофиёӣ барои ин паҳна обӣ буд ки аз даврони бостон токунун истифода шудааст ва тамомии созмонҳои муътабари нақшаи нигории ҷаҳонӣ низ ин минтақаи дарёиро бо унвон "Халиҷи Форс" ба расмияти шинохта ва ба он эҳтиром мегузоранд.

Барчасп