Июл 10, 2024 17:39 Asia/Dushanbe
  • Ҷойгоҳи Эрон дар ҷаҳон аз лиҳози фанноварии нано
    Ҷойгоҳи Эрон дар ҷаҳон аз лиҳози фанноварии нано

Бар асоси охирин гузориши мунташиршуда аз вазъияти тавлиди илму фанноварии Эрон дар ҳавзаи нано дар соли 2023, Ҷумҳурии исломии Эрон дар тавлиди илм дар рутбаи панҷуми ҷаҳон қарор гирифт.

Дар охирин гузориши иҷроии «Санади миллии тавсеаи улуму фанноварии нано ва барномаи тавсеаи фанновариҳои микро» дар соли 2023, ки аз сӯи Ситоди нано ва микрои муовинати илмии раёсати ҷумҳурии Эрон мунташир шуд, вазъияти тавлиди илму фанноварии нанои Эрон баррасӣ гардид.

Дар ин гузориш ҷойгоҳи ҷаҳонии Эрон дар илму фанноварии нано ба василаи се шохиси калони «каммияти мақолоти фанноварии нано», «кайфияти мақолоти фанноварии нано» ва «теъдоди ихтирооти фанноварии нано» арзёбӣ шудааст.

Барои арзёбии ҷойгоҳи Эрон дар илми нано аз пойгоҳи додаи Science of Web (WoS) ба унвони манбаи омору иттилоот истифода шудаву мақолоти пажӯҳишии муртабит бо фанноварии нано бо истифода аз як иборати ҷустуҷӯии муътабар, истихроҷу андозагирӣ шудааст.

Ҳамчунин, дар ҳавзаи фанноварӣ низ теъдоди ихтирооти фанноварии нано дар дафотири сабти патенти муътабари ҷаҳон, аз ҷумла Идораи сабти патенти Амрико (USPTO) ва Идораи сабти патенти Аврупо (EPO) андозагирӣ мешаванд.

Тибқи ин гузориш, дар соли 2023 мелодӣ 11 ҳазору 179 мақолаи муртабит бо фанноварии нано тавассути муҳаққиқони эронӣ дар WoS намоя шуд, ки муодили 4. 6 дарсад аз кулли мақолоти нанои мунташиршуда дар ин сол аст.

Ин ҷойгоҳ дар ҳоле ба даст омада, ки Эрон дар соли 2000 ва қабл аз таъсиси Ситоди тавсеаи фанноварии нано, ки теъдоди андаке аз муҳаққиқону донишмандони эронӣ бо ин фанноварии навзуҳур ошно буданд, бо интишори ҳашт мақолаи нано дар радаи панҷоҳуҳаштуми ҷаҳон ва шашуми минтақаи Ғарби Осиё қарор дошт.

 

Барчасп