Июл 11, 2024 18:48 Asia/Dushanbe
  • Вокуниши Эрон ба бахше аз баёнияи нишасти сарони НАТО дар Вашингтон

Сухангӯи Вазорати умури хориҷаи Эрон иддаои мундариҷ дар баёнияи поёнии иҷлоси сарони НАТО дар бораи кумаки низомии Эрон ба Русия дар ҷанги Украинаро рад кард.

 Ба гузориши ИРНА,Носир Канъонии Чофӣ- сухангӯи Вазорати умури хориҷаи Эрон рӯзи панҷшанбе дар вокуниш ба бахше аз баёнияи нишасти сарони НАТО гуфт, Теҳрон иддаои мундариҷ дар баёнияи поёнии иҷлоси сарони НАТО дар Вашингтон роҷеъ ба кумаки низомии Эрон ба Русия дар ҷанги Украинаро комилан бепояву асос ва дорои аҳдофи сиёсӣ дониста ва онро нораво медонад.

 Сухангӯи дастгоҳи дипломосии Эрон тасреҳ кард, ҳар гуна талош барои муртабит сохтани ҷанги Украина ба ҳамкориҳои дуҷонибаи Ҷумҳурии Исломии Эрон ва Русия, иқдоме сирфан бо ангезаҳои муғризонаи сиёсӣ аст.

 

 

Барчасп