Роҳёбии донишҷуёни донишгоҳи Шарифи Эрон ба финали рақобатҳои тарроҳӣ ва сохти моҳвораи мукаабӣ
(last modified Sun, 14 Jul 2024 07:37:59 GMT )
Июл 14, 2024 12:37 Asia/Dushanbe
  • Роҳёбии донишҷуёни донишгоҳи Шарифи Эрон ба финали рақобатҳои тарроҳӣ ва сохти моҳвораи мукаабӣ

Порс тудей-Донишҷуён донишгоҳи санъатии Шарифи Эрон ба марҳилаи ниҳоии мусобиқаи донишҷӯии тарроҳӣ ва сохти моҳвораи мукаабӣ Созмони ҳамкориҳои фазоии Осиё ва Уқёнусия роҳ ёфтанд.

 Ҷамъе аз донишҷуёни донишкадаи муҳандисии ҳавофазо ва муҳандисии барқи донишгоҳи санъатии Шарифи Эрон муваффақ шуданд бо убур аз ду марҳилаи арзёбӣ ва тарроҳии аввалияи мусобиқаи донишҷӯӣ тарроҳӣ ва сохти моҳвораи мукаабии Созмони ҳамкориҳои фазоии Осиё ва Уқёнусия (APSCO) ба марҳилаи ниҳоии ин мусобиқа роҳ ёбанд.

 Ба гузориши Порс тудей, ин тими эронӣ ва дигар тимҳои баргузида фурсати ширкат дар ду давраи омӯзиши тобистонаро хоҳанд дошт, ки кампи тобистонии имсол ба муддати се ҳафта дар донишгоҳи NPU-Чин баргузор хоҳад шуд.

 Ҳамчунин дар марҳилаи ниҳоӣ, ки то интиҳои тобистони соли оянда ба тӯл хоҳад анҷомид, тимҳои мунтахаб бо ҳимояти молии садҳазордолларии созмони APSCO барои ҳар тим, модели муҳандисии моҳвора имукаабии худро хоҳанд сохт.

 

Барчасп