Эъломи омодагии даҳҳо кишвар барои ширкат дар маросими савгандёди раисиҷумҳури мунтахаби Эрон
(last modified Wed, 24 Jul 2024 14:25:43 GMT )
Июл 24, 2024 19:25 Asia/Dushanbe
  • Омодагӣ барои баргузории маросими таҳлифи раисҷумҳури Эрон
    Омодагӣ барои баргузории маросими таҳлифи раисҷумҳури Эрон

Узви ҳайати раисаи Маҷлиси Шӯрои исломии Эрон аз истиқболи 60 кишвари ҷаҳон барои ҳузур дар маросими таҳлиф (савгандёдкунӣ)-и раисиҷумҳури чаҳордаҳумини Эрон хабар дод.

Ба гузориши хабаргузории “Эрон пресс”, Муҷтабо Юсуфӣ, узви ҳайати раисаи маҷлис бо ишора ба баргузории маросими таҳлифи раисиҷумҳур дар Маҷлиси Шӯрои исломӣ гуфт: То кунун 60 кишвар барои маросими таҳлифи раисиҷумҳури Эрон эъломи ҳузур кардаанду ҳузури мақомоти ин кишвар, шомили чаҳор раисиҷумҳур, 12 раиси маҷлис ва ҳафт нахуствазир дар ин маросим қатъӣ шудааст.

Юсуфӣ афзуд: Ҳамчунин се мақом дар сатҳи муовини раиси ҷумҳур, ду мақом дар сатҳи муовини нахуствазир ва 14 вазири умури хориҷа дар маросими таҳлиф ҳузур хоҳанд дошт ва дигар меҳмонон дар сутуҳи дигар хоҳанд буд.

Маросими танфизи ҳукми раисиҷумҳур 28 июл бо ҳузури Раҳбари муаззами инқилоб ва масъулони кишвариву лашкарӣ дар ҳусайнияи имом Хумайнӣ (раҳ) баргузор мешавад.

Маросими таҳлиф ҳам сешанбеи 30 июл, соати 16 ба вақти Теҳрон бо ҳузури масъулони кишварӣ ва меҳмонони хориҷӣ дар саҳни бози маҷлис ташкил хоҳад шуд.