Июл 25, 2024 12:15 Asia/Dushanbe
  • Афзоиши чаҳор баробарии тақозои байналмилалӣ барои таҷҳизоти дифоии Эрон

Порс тудей - Сухангӯи Комиссиони амнияти миллӣ ва сиёсати хориҷии Маҷлиси Шӯрои Исломии Эрон аз рушди 4 баробарии содироти саноати дифои кишвар дар 3 соли гузашта хабар дод.

Комиссиони амнияти миллӣ ва сиёсати хориҷии Маҷлиси Шӯрои Исломии Эрон нишасти муштаракеро бо амир сартип Муҳаммадризоии Қароии Оштиёнӣ, вазири дифо ва пуштибонии неруҳои мусаллаҳи Эрон баргузор карданд.

Ба гузориши Порс тудей, амир сартип Оштиёнӣ дар ин нишаст бо ироаи гузорише аз дастовардҳои вазорати дифои Эрон, ки бо такя бар дониши бумӣ муҳаққақ шуд, ба рушди чаҳор баробарии содироти дифои кишвар дар 3 соли гузашта ишора кард.

Ба гуфтаи Ризо, сухангӯи Комиссиони амнияти миллӣ ва сиёсати хориҷӣ, амир сартип Оштиёнӣ дар ин нишаст ҳамчунин гузориш дод, ки режими саҳюнистӣ ба рағми ҳазинаҳои газофе, ки анҷом дод, дар такмили дифои ҳавоии худ номуваффақ буда ва дучори заъф аст.

Сухангӯи Комиссиони амнияти миллӣ ва сиёсати хориҷии Маҷлиси Шӯрои Исломии Эрон тасреҳ кард, 2.5 баробар шудани тавлиди низомии Эрон дар се соли гузашта аз дигари мавориде буд, ки вазири дифои Эрон ба он ишора кард.

 

Барчасп