Раҳбари инқилоби исломӣ: Ҳимояти ҷаҳонӣ аз Фаластин, ношӣ аз рӯҳи инқилоби исломӣ аст
(last modified 2024-07-25T16:25:38+00:00 )
Июл 25, 2024 21:25 Asia/Dushanbe
  • Раҳбари инқилоби исломӣ: Ҳимояти ҷаҳонӣ аз Фаластин, ношӣ аз рӯҳи инқилоби исломӣ аст

Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ, ҳаракатҳое, ки ин рӯзҳо дар дунё ба нафъи Фаластин анҷом мегирадро ношӣ(бархоста) аз рӯҳи инқилоби исломӣ донистанд.

Ба гузориши пойгоҳи иттилоърасонии дафтари Мақоми муаззами раҳбарӣ , баёноти Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ дар дидори дастандаркорони кунгураи шуҳадои устони Теҳрон, ки дар таърихи 26 урдибиҳишти 1403 баргузор шуда буд, асри имрӯз панҷшанбе дар маҳалли баргузории ин кунгира дар ҳарами мутаҳҳари Имом Хумайнӣ (ра) мунташир шуд.

 Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ дар ин дидор афзуданд: Шиорҳо ва мавозеъе, ки имрӯз дар ҳимоят аз Фаластин дар саросари дунё шоҳиди он ҳастем ҳамон мавозеъи Имом Хумайнӣ (ра) ва шиорҳое аст, ки аз дили мардуми Эрон ҷушид ва бар забонҳо ҷорӣ шуд.

 Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ бо ишора ба ҳаракати донишгоҳиёни Амрико дар ҳимоят аз мардуми Фаластин онро як намуна аз баракоти ҳаракати миллати Эрон ва нафаси гарми Имоми бузургавор, ки як падидаи беназир дар таърихи муосир аст, донистанд ва хотирнишон карданд: Густариши ҷараёни ҳимояти донишгоҳиёни Амрико аз Фаластин ба гунае шудааст, ки давлати Амрико ҳама иддаоҳо ва шиорҳои худро нақз мекунад ва полиси ин кишвар дар муқобили чашми мардум ва дӯрбинҳо, донишҷу ва устодро лагадкӯб мекунад ва ба онҳо дастбанд мезанад.

 

Барчасп