Мушараф шудани бонуи итолиёӣ ба Ислом
Як бонуи итолиёӣ дар ҳарами мутаҳҳари Разавӣ ба дини Ислом мушараф шуд.
Ба гузориши хабаргузории Садо ва симо, Раксана Алено Нигара, дар ҳарами мутаҳҳари Разавӣ ин дини исломро ба унвони дини ҷадиди худ баргузид.
Ӯ гуфт, ман донишҷӯи равоншиносӣ ҳастам ва талош доштам, то роҳеро барои эҷоди оромиш ва афзоиши наздикӣ ба Худованд ва низ дармони бисёре аз беморон биёбам ва дар ин миён, дини Исломро воҷиди тамоми ин вижагиҳо ёфтам.
Раксана афзуд, ман барои нахустин бор аст, ки ба ҳарами Разавӣ мушараф мешавам ва зиёрати имом Ризо(ъ) мӯҷиб шудааст, то ин лаҳзот барои ман бисёр хотираангез ва зебо бошад.
Вай гуфт, ман барои ташарруф ба Ислом, Қуръонро мутолиа кардам ва ҳамакнун ба мутолиаи Наҳҷулбалоға ва китобҳои аҳодис машғулам, зеро ин китобҳо ба хубӣ метавонанд маро ба асли ин дин роҳнамоӣ кунанд.
Ба ин бонуи нав мусулмон шуда аз сӯи мудирияти умури зоирони ғайроэронии остони қудси Разавӣ, гувоҳи ташарруф ба Ислом ба ҳамроҳи ҳадяҳои мутабаррик дода шуд.