Август 21, 2024 10:01 Asia/Dushanbe
  • Ҳузури аккосони 63 кишвар дар ҷашнвораи байналмилалии акси  “Порс” -и Эрон

Порс тудей - Дабири иҷроии нахустин давраи ҷашнвораи байналмилалии акси “Порс” аз мушорикати аккосони 63 кишвар дар ин рӯйдод хабар дод.

Нахустин давраи ҷашнвораи байналмилалии акси “Порс” дар ростои ифои нақши масъулияти иҷтимоӣ дар заминаи ҳимоят аз фарҳангу ҳунар ва бо ҳадафи тавсеаи ҳунари аккосӣ, ҳимоят аз ҷавонони мустаъиду ҳунарманд ва ҳамчунин муаррифии зарфиятҳои минтақаи вижаи “Порс”-и Эрон, шаҳривармоҳ баргузор мешавад.

Ба гузориши Порс тудей, Ризо Мирмеҳробӣ, дабири иҷроии нахустин ҷашнвораи байналмилалии акси “Порс” гуфт: Ин рӯйдод дар се бахши санъати нафт, хонавода, муҳит зисту гардишгарӣ ва бо истиқболи аккосоне аз 63 кишвар баргузор мешавад.

Вай афзуд, пас аз доварии осори роҳ ёфта ба ҷашнвора баргузидагони бахшҳои мухталиф мушаххас хоҳанд шуд, ки дар маросиме дар шаҳривар ҳамзамон бо ифтитоҳи намоишгоҳи осори баргузида, муаррифӣ ва қадрдонӣ хоҳанд шуд.