Август 25, 2024 10:15 Asia/Dushanbe
  • Баргузории рӯйдоди гардишгарии адабӣ дар Теҳрон бо ҳамкории Тоҷикистон

Мудири кулли гардишгарии дохилии вазорати мероси фарҳангии Эрон гуфт, рӯйдоди бузурги гардишгарии адабиро бо ҳамкории Тоҷикистон дар урдибиҳиштмоҳи барномарезӣ мекунем.

Нишасти муштараки гардишгарии Эрону Тоҷикистон дар маҳали сафорати Тоҷикистон дар Эрон бо ҳузури фаъолони гардишгарии ду кишвар баргузор шуд.

Дар ин нишаст, Мустафо Фотимӣ, мудири кулли гардишгарии дохилии вазорати мероси фарҳангии Эрон гуфт, тавсеаи гардишгарии адабӣ яке аз аҳдофи мост. Рӯйдоди бузурги гардишгарии адабиро дар урдибиҳиштмоҳ барномарезӣ мекунем, умедворем, ки Тоҷикистон дар ин барнома ҳамкорӣ кунад.

Дар ин барномаи Нирӣ аз шаҳрдории Шероз эъломи омодагӣ кард, ки ҳафтаи фарҳангии Тоҷикистон дар Шероз баргузор шавад.