Сентябр 07, 2024 16:22 Asia/Dushanbe
  • 
Дурахшиши тими олимпиадаи компютерии Эрон дар мусобиқоти ҷаҳонӣ

Саҳоб - ¬Аъзои тими олимпиадаи компютери Ҷумҳурии исломии Эрон дар сию шашумин давраи олимпиадаи ҷаҳонии компютери Миср бо касби 1 медоли тилло , 2 медоли нуқра ва 1 медоли бриҷӣ рутбаи нуҳуми ҷаҳониро касб карданд .

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон , дар сию шашумин давраи олимпиадаи ҷаҳонии компютер, ки дар шаҳри Искандарияи Миср баргузор шуд , Амиралии Асғарӣ, медоли тилло ,  Амирҳусайни Фархундафар, Амирризо Дурустӣ, медоли нуқра ва Порсо Фараҷипӯр, медоли бринҷӣ касб карданд .
Тимҳои Чин , Амрико ва Полша дар рутбаҳои аввал то сеюм қарор гирифтанд .
Сию шашумин давраи олимпиадаи байналмилалии компютер аз якум сентябр бо ширкати садҳо донишомӯз аз 96 кишвари ҷаҳон оғоз шуда ва то фардо идома дорад .






 

 

Барчасп