Сентябр 14, 2024 09:35 Asia/Dushanbe
  • Лукашенко: Беларус шарики мутмаини Эрон аст

Раисиҷумҳури Беларус дар дидори дабири Шӯрои амнияти миллии Эрон, кишварашро шарики мутмаин барои Ҷумҳурии Исломии Эрон донист.

Александр Лукашенко, раисиҷумҳури Беларус рӯзи ҷумъа дар дидори Алиакбари Аҳмадиён, дабири Шӯрои олии амнияти миллии Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Минск, таъкид кард, Беларус ҳамеша шарики мутмаин Эрон будааст ва қасд дорем ин масирро идома диҳем.

Вай бар зарурати шитоббахшӣ ба тавсеаи муносиботи тиҷорӣ ва иқтисодӣ байни Эрону Беларус таъкид кард ва бо ишора ба даъвати расмии вай аз раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон гуфт, мунтазири сафари Масъуди Пизишкиён ба Беларус ҳастем.

Раисиҷумҳури Беларус ба шароити печидаи сиёсии кунунӣ ва ҳаракати ҷаҳон ба самти чандқутбӣ шудан ишора кард ва таъкид кард, набояд фақат ба ройзанӣ иктифо кард, балки бояд муштаракан ҳамкориҳоро тавсеа диҳем.

Лукашенко афзуд, амният вақте тазмин мешавад, ки иқтисод қудрат бигирад бинобар ин, лозим аст, ки Эрону Беларус равобити иқтисодии худро беш аз гузашта тавсеа диҳанд.

Лукашенко бо қадрдонӣ аз Ҷумҳурии Исломии Эрон барои ҳимоят аз узвияти Беларус дар Созмони Ҳамкории Шанхай таъкид кард, ки қудрат гирифтани созмонҳое чун Шанхай ва БРИКС, фурсатҳои ҷадидеро барои кишварҳои мустақили ҷаҳон фароҳам кардааст.

Алиакбари Аҳмадиён, дабири Шӯрои олии амнияти миллии Эрон низ дар дидори раисиҷумҳури Беларус таъкид кард, Эрону Беларус шуракои қадимӣ ҳастанд ва умедворем, ки ҳамкориҳои ду кишвар дар ҳама замина нисбат ба гузашта тавсеа ёбад.

 

Барчасп