Сентябр 17, 2024 15:09 Asia/Dushanbe
  • Суханронии Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ дар ҷамъи уламои аҳли суннат ба муносибати Ҳафтаи Ваҳдат
    Суханронии Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ дар ҷамъи уламои аҳли суннат ба муносибати Ҳафтаи Ваҳдат

Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ ҳифозат аз ҳувияти гаронсанги уммати исломиро зарурӣ донистанду гуфтанд: Мавзӯи уммати исломӣ ба ҳеҷ ваҷҳ набояд фаромӯш шавад.

Ба гузориши пойгоҳи иттилоърасонии дафтари мақоми муаззами раҳбарӣ, ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ, Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ рӯзи душанбе дар дидори ҷамъе аз уламо, имомони ҷумъа ва мудирони мадориси илмияи аҳли суннати саросари кишвар, ки ба муносибати оғози Ҳафтаи Ваҳдат ва айёми солрӯзи валодати босаодати набии акрам (с) баргузор шуд, ҳифозат аз ҳувияти гаронсанги уммати исломиро зарурӣ хонданд ва бо таъкид бар аҳамияти ваҳдати исломӣ ва талошҳои бадхоҳон барои махдӯш кардани он, гуфтанд: Мавзӯи уммати исломӣ ба ҳеҷ ваҷҳ набояд фаромӯш шавад.

Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ хотирнишон карданд: Масъалаи ҳувияти уммати исломӣ - масъалае асосӣ ва фаротар аз миллият аст ва марзҳои ҷуғрофиёӣ, ҳақиқат ва ҳувияти уммати исломиро тағйир намедиҳад.

Эшон бо ишора ба талошҳои хасмона барои бетафовут кардани мусулмонон ба ҳувияти исломии худ афзуданд: Ин хилофи таолими исломӣ аст, ки як мусулмон аз ранҷи мусулмоне дигар дар Ғазза ё дигар нуқоти ҷаҳон ғофил бошад.

Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ уламои аҳли суннатро ба такя бар ҳувияти исломӣ ва уммати исломӣ фаро хонданд ва бо ишора ба тарроҳиҳову фаъолиятҳои собиқадори бадхоҳон барои доман задан ба ихтилофҳои мазҳабӣ дар ҷаҳони Ислом, бавижа дар Эрон хотирнишон карданд: Онҳо бо истифода аз абзорҳои фикрӣ, таблиғӣ ва иқтисодӣ ба дунболи ҷудосозии шиаву суннӣ дар кишвари мо ва ҳар минтақаи дигари исломӣ ҳастанд ва бо иқдомоте ҳамчун водор кардани афроде аз тарафайн ба бадгӯӣ, ба лаҷоҷату ихтилоф доман мезананд.

Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ илоҷу роҳи муқобила бо ин тавтеаҳоро такя бар ваҳдат донистанду таъкид карданд: Мавзӯи ваҳдат на як тактика, балки як асли қуръонӣ аст.

Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ дастёбӣ ба ҳадафи муҳими иззати уммати исломиро ҷуз аз роҳи иттиҳод муяссар надонистанду гуфтанд: Имрӯз яке аз воҷиботи қатъӣ ҳимоят аз мазлумони Ғазза ва Фаластин аст ва агар касе аз ин таклиф сарпечӣ кунад, қатъан назди Парвардгор мавриди суол қарор хоҳад гирифт.

 

Барчасп