Сентябр 22, 2024 13:06 Asia/Dushanbe
  • Пизишкиён: Ҳеҷ аҳримане ҷуръати ҳамла ба хоки Эронро надорад

Порс тудей - Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон гуфт: Имрӯз қудрати дифоӣ ва тавони боздорандагии Эрон ба чунон рушду сатҳе расида, ки ҳеҷ аҳримане ҳатто ҷуръат ва ҷасорати инки фикри таҷовуз ба Эрон дар зеҳнаш хутур кунадро надорад.

Масъуди Пизишкиён, раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон рӯзи шанбе дар маросими режаи неруҳои мусаллаҳи Эрон дар Теҳрон ба муносибати Ҳафтаи дифои муқаддас, бо таъкид бар ин ки мардуми Эрон дар ҳашт соли ҷанги таҳмилии режими Садом, диктатори маъдуми Ироқ алайҳи Эрон, умеди душманонро ноумед карданд, хотирнишон кард: Ваҳдати неруҳои низомӣ ва ҳамаи мардуми Эрони исломӣ буд, ки тавонист таҷовузи ноҷавонмардонаеро, ки тавассути кишварҳои истеъморгар барои нобудии Эрон ва Инқилоби исломӣ, тарроҳӣ шуда буд, хунсо карда ва ба ноумедӣ бикашанд.

Ба гузориши Порс тудей,  Пизишкиён афзуд, Ҳафтаи дифои муқаддас ёдовари ҷонфишонии шаҳидони бузург ва гумноме аст, ки хуни поки худро барои бақои Инқилоби исломӣ дар ҷо ҷойи ин сарзамин фидои миллати азиз ва сарафрози кишвари Эрон карданд.

Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон дар идома бо ишора ба Ҳафтаи ваҳдат гуфт: Имрӯз бо иқтидор метавонем ба ҳамаи дунё эълом кунем, ки мо илова бар онки қодирем аз кишвари худамон дифо кунем, бо ваҳдату инсиҷом бо кишварҳои исломӣ ва ҳамроҳии ин азизон, қодирем минтақаи худро низ дар сулҳу амнияту оромиш ҳифз карда ва иззату сарбаландии ҷомеаи исломиро ба рухи ҷаҳонён бикашонему режими хунхор, ғосибу наслкуши саҳюнистиро, ки на ба зану бачаҳо раҳм мекунад ва на ба пиру ҷавон, бо ваҳдату инсиҷом сари ҷои худ бинишонем.

Пизишкиён тасреҳ кард, ки агар уммати исломӣ ваҳдат дошта бошад, режими саҳюнистӣ қодир нахоҳад буд, ин гуна бемуҳобо ҷиноят кунад.

Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон бо қадрдонӣ аз талошҳои неруҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Исломии Эрон дар ҷиҳати ҳифзи сулҳу амнияти Эрони исломӣ таъкид кард: Иззату иқтидори имрӯзи Эрон мадюни аз худгузаштагии неруҳои мусаллаҳ аст.