тафсир: Паёми Эрон аз Нию-Йорк/тавсеаи сулҳу амният ва ҷаҳони орӣ аз стандартҳои дугона
(last modified 2024-09-23T12:22:18+00:00 )
Сентябр 23, 2024 17:22 Asia/Dushanbe
  • 
тафсир: Паёми Эрон аз Нию-Йорк/тавсеаи сулҳу  амният ва ҷаҳони орӣ аз стандартҳои дугона

Порстудей-Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон таъкид кард, ки паёми Эрон барои ҷаҳон сулҳу амният аст.

Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон дар оғози вуруд ба Нию-Йорк барои ширкат дар ҳафтоду нуҳимин Маҷмаъи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар посух ба ин пурсиш ки «муҳиммтарин мавзӯъоте, ки қасд дорад дар нишастҳо ва дидорҳои худ бо мақомҳои хориҷӣ матраҳ кунад, чист?» гуфт:«Ончи мушаххас аст, паёме аст, ки аз тарафи Эрон барои сулҳу амният дар ҷаҳон дорад ва таҳаққуқи шиоре, ки имсол Созмони Милал дар бораи сулҳ ва ояндаи ҳамроҳ бо тавсеа барои ҳама мардум эълом кардааст».

 Ба гузориши Порстудей, Пизишкиён афзуд:« Ба ҷойи хунрезӣ ва ҷанг ва куштор, бояд дунёе дуруст шавад, ки ҳамаи инсонҳо битавонанд дар он мустақил аз ранг, нажод, қавмият ва минтақаи зиндагии онҳо ба роҳатӣ зиндагӣ кард, аммо мутаассифона феълен дунёе ки дар он зиндагӣ мекунем, ба ин шакл нест ва бо вуҷуди стандартҳои дугона, як идда хуб ва иддае ҳам бад ҳастанд; Дар натиҷа мушкилоте ба вуҷуд омадааст».

 Вай ҳамчунин хотирнишон кард: «Фурсате, ки барои зиндагӣ дар кураи хокӣ дорем, барои ҳама инсонҳо бояд баробар бошад».

Пизишкиён рӯзи якшанбе ба манзури ширкат дар ҳафтоду нуҳумин маҷмаъи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар сарварии ҳайати олирутба вориди фурудгоҳи "Ҷон Кеннеди"-и Нию-Йорки Амрико шуд.

 Раисҷумҳури исломии Эрон пеш аз тарки Теҳрон гуфта буд,ки, умедвор аст битавонад дар сафар ба Нию-Йорк садои мардуми Эрон ва ҳамчунин садои ҳақталабӣ ва адолатхоҳӣ бошад.

 Эрон ҳамвора нишон додааст, ки хостори ҳамзистии мусоламатомез бо ҳамсоягони худ ва кишварҳое аст, ки ба думболи сулҳ ва адолатхоҳӣ ҳастанд.