Сентябр 30, 2024 09:25 Asia/Dushanbe
  • Донишгоҳи Теҳрон дар садри донишгоҳҳои бартари исломӣ дар ҳавзаи улуми маърифатӣ

Порс тудей - Донишгоҳи Теҳрон бар асоси рутбабандии «Edu rank» дар ҳавзаи улӯми шинохт (маърифат)-ӣ дар садри донишгоҳҳои бартари кишварҳои ҷаҳони Ислом қарор гирифт.

Ба гузориши Порс тудей, бар асоси додаҳои ин рутбабандӣ дар соли 2024, 100 донишгоҳи Ҷумҳурии Исломии Эрон бар асоси амалкарди пажӯҳишии онҳо дар ин рутбабандӣ оварда шудааст, ки дар ин байн Донишгоҳи Теҳрон дар рутбаи 45 Осиё ва 346 ҷаҳон қарор гирифтааст.

Дар ин рутбабандӣ Донишгоҳи Теҳрон дар ҳавзаи улӯми шинохтӣ дар садри донишгоҳҳои бартари кишварҳои ҷаҳони Ислом қарор гирифта ва аз донишгоҳҳое монанди донишгоҳи Малики Сауди Арабистони Саудӣ ва Донишгоҳи Малайзия пешӣ гирифтааст.