Сипоҳи посдорон: Қалби сарзаминҳои ишғолӣ бо мушаки баллистик ҳадаф қарор гирифт
(last modified Wed, 02 Oct 2024 04:34:07 GMT )
Октябр 02, 2024 09:34 Asia/Dushanbe
  • Сипоҳи посдорон: Қалби сарзаминҳои ишғолӣ бо мушаки баллистик ҳадаф қарор гирифт

Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ дар баёнияе аз ҳадаф қарор додани қалби сарзаминҳои ишғолӣ бо даҳҳо фарванд мушаки баллистик хабар дод.

Дар иттилоияи Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ омадааст: Пас аз як давраи хештандорӣ дар баробари нақзи ҳокимияти Ҷумҳурии Исломии Эрон дар террори муҷоҳиди шаҳид Исмоил Ҳания тавассути режими саҳюнситӣ ва баробари ҳаққи кишвар дар дифои машрӯъ аз худ баробари Маншури милали муттаҳид ва ташдиди шароратҳои режим бо ҳимояти Амрико дар қатли оми мардуми Лубнону Ғазза ва ба шаҳодаи расондани муҷоҳиди кабир, раҳбари меҳвари муқовимату дабири кулли сарафрози Ҳизбуллоҳ, Сайидҳасан Насруллоҳ ва шаҳодати фармондеҳи рашиду мусташори олии Сипоҳи посдорон дар Лубнон, сарлашкари посдори Сайидаббоси Нилфурӯшон, неруи ҳавофазои Сипоҳи посдорон бо партоби даҳҳо мӯшаки баллистик, аҳдофи муҳимми низомӣ амниятиро дар қалби сарзаминҳои ишғолӣ мавриди ҳадаф қарор дод.

Ин баёния меафзояд: Чунончӣ режими саҳюнистӣ ба ин амалиёт, ки мунтабиқ бар ҳуқуқи қонӯнии кишвару қавонини байналмилалӣ аст, вокуниши низомӣ нишон диҳад, бо ҳамалоти кӯбанда ва вайронгари баъдӣ мувоҷеҳ хоҳад шуд.