Муаррифии равиши навин барои табдили газҳои гулхонаӣ ба гидроген тавассути муҳаққиқони эронӣ
(last modified Sun, 06 Oct 2024 04:50:55 GMT )
Октябр 06, 2024 09:50 Asia/Dushanbe
  • Муаррифии равиши навин барои табдили газҳои гулхонаӣ ба гидроген тавассути муҳаққиқони эронӣ

Порстудей - Муҳаққиқони Донишгоҳи Санъатии Амир Кабири Эрон бо истифода аз плазмаи илқои лазерӣ, равиши коромад ва дӯстдори муҳити зист барои афзоиши боздиҳии табдили метан ба гидроген ироа карданд.

Фотимаи Аҳмадии Нурӣ, аз муҳаққиқони Донишгоҳи Санъатии Амир Кабири Эрон, унвони таҳқиқоти иҷроӣ шуда барои табдили метан ба гидрогенро афзоиши боздиҳи табдили метан ба гидроген ба равиши тахлияи spark ба ҳамроҳи плазмаи илқои лазерии SD - LIP эълом кард.

 Ба гузориши Порстудей, Аҳмадии Нурӣ дар ин замина гуфт: Афзоиши рӯзафзӯни тақозо барои энержӣ мунҷар ба гармоиши ҷаҳонӣ, тағйироти иқлимӣ ва тавлиди зиёди газҳои гулхонаӣ мешавад ва ин масъала ниёзи фаврӣ ба табдили газҳои гулхонаӣ ба таври вижа гази метан ва carbon dioxide, ба маҳсӯлоти боарзишро муҳимтар кардааст.

Вай бо ишора ба гузориши ҳайати байнидавлатии тағйироти иқлимӣ, эълом кард, ки метан дар як давраи 20 сола 86 баробар бештар аз carbon dioxide мунҷар ба гармоиши ҷаҳонӣ шудааст ва фаровонтарин мода дар таркиби гази табиӣ ба шумор меояд.

Аҳмадӣ ҳадафи ниҳоӣ дар иқтисоди гидрогенро ёфтани равишҳои иқтисодӣ бо камтарин мизони хисорат ба муҳити зист бо бештарин короӣ ва боздиҳӣ дар тавлиди ҳидрожен донист ва идома дод: Ин равиш, ки барои нахустин бор дар ҷаҳон пешниҳод шуда, нишон дод ин фароянд ба таври коромад метанро ба ҳидрожен табдил мекунаду мунҷар ба камтар шудани ташкили дӯдаи карбонӣ дар сохтор, коҳиши шиддат ва энержии эъмолӣ ба система ҷиҳати табдил мешавад.