Шоҳкоре ки пора-пора шуд
(last modified Thu, 24 Oct 2024 04:22:21 GMT )
Октябр 24, 2024 09:22 Asia/Dushanbe

"Шоҳномаи бузурги Элхонӣ" - нахустин шоҳномаи мусаввир аст.

Ба гузориши Хабаргузории садо ва симо, ин шоҳкор дар давраи Қоҷор пора-пора ва ба музейҳои дунё фурӯхта шуд.

Ҳоло нахустин бор теъдоде аз нигораҳои ин шоҳкор гирдоварӣ ва дар қолаби як китоб дар Музеи миллии Малик рӯнамоӣ шуд.

"Шоҳномаи бузурги Элхонӣ", яке аз куҳантарин ва арзишмандтарин нусхаҳои хаттии мусаввири баҷомонда аз "Шоҳнома"-и Фирдавсӣ аст. Ин нусхаро ба сабаби он ки тавассути як даллоли осори ҳунарӣ ба номи Ҷорҷ Демут (George Joseph Demotte) дар авоили садаи бистум пора-пора ва пас аз он авроқаш ҷудогона тавассути ӯ фурӯхта шуд, бо номи "Шоҳномаи Демут" ҳам мешиносанд.

 

Барчасп