Тафсир: Шаҳид Насруллоҳ, рамзи муқовимат ва истодагарӣ дар муқобили зулм
Конфронси байналмилалии мактаби Насруллоҳ бо ҳадафи барраси ва шинохти ҷанбаҳои мухталифи ақли ва маърифатии шаҳид Ҳасан Насруллоҳ ва нақшҳои сиёсии ӯ дар мувоҷиҳа бо истикбор ва саҳюнизм бо ҳузури коршиносон ва мутафаккироназ 13 кишвари ҷаҳон дар Теҳрон баргузор шуд.
Дар ин конфронс, ки ба муносибати 40-умин рузи шаҳодати парчамдори муқовимат ва муҷоҳид Сайид Ҳасан Насруллоҳ баргузор шуд, аз ӯ ба унвони як сиёсатмадори хирадманд, ҷиддӣ ва комил дар арсаи миллӣ, минтақаӣ ва ҷаҳонӣ ёдовар шуд.
Муҳаммад Боқири Қалибоф, раиси маҷлиси шурои исломии Эрон, дар ин конфронс таъкид кард: Шаҳид Насруллоҳ ҳамроҳ бо муҷоҳидини Ҳамос муътақид аст, ки ҳеҷ ҷанг ба андозаи мубориза бо саҳюнистҳо машруъ нест.
Сайид Аббоси Ароқчи, вазири умури хориҷа низ дар ин маросим гуфт, шаҳид Сайид Ҳасан Насруллоҳ шахсияте аст, ки рамзи муқовимат, шуҷоат ва истодагарӣ дар баробари зулму таҷовуз натанҳо барои Лубнон, балки барои ҷаҳони ислом ва тамоми халкхои озодидуст.
Сайид Аббос Солеҳӣ, вазири фарҳанг ва иршоди исломии Эрон низ дар ин конфронс гуфт: Шаҳид Ҳасан Насруллоҳ як шахсияти фаромиллии исломӣ буд, хела кам аст, ки шахс ҳам аз лиҳози ҷуғрофӣ ва ҳам дар ҷаҳон таъриф шавад.
Шаҳид Ҳасан Насруллоҳ рузи 27 сентябр дар пайи иқдомоти террористии режими саҳюнистӣ дар ҷануби Лубнон ба шаҳодат расид. У севумин дабири кулли Ҳизбуллоҳи Лубнон ва яке аз муассисони он буд. Ҳизбуллоҳ дар тули фаъолияташ дар мақоми дабири кулл (1992-2024) як қудрати минтақавӣ шуд. Озодсозии ҷануби Лубнон аз ишғоли режими саҳюнистӣ, раҳоии асирони лубнонӣ ва бозпас гирифтани ҷасади шаҳидони муқовимат аз Исроил ва пирузӣ дар ҷанги 33-руза дар замони дабири кулии вай иттифоқ афтод.
Сайид Ҳасан Насруллоҳ ҳамчун як раҳбари оқил ва шуҷоъ маъруф аст, зеро ба унвони раҳбари ҷабҳаи муқовимат дар Лубнон ҷасорати эҷоди тағйирот ва пешбурди аҳдофи Ҳизбуллоҳ, ба хусус дар масъалаи озодии Фаластин ва ҳифзи Лубнонродошт вай натанҳо раҳбари низомӣ балки шахсияти илҳомбахш барои бисёри аз ҷавонон ва наслҳои ҷадид буд, ки ба дунболи роҳи барои муқобила бо зулм ва таҷовузот буданд.
Дар ҳамин ҳол, режими Исроил дар пайи нокомиҳои худ дар ҷанги Ғазза, ки мунҷар ба шаҳодати даҳҳо ҳазор фаластинӣ шудааст, талош кардааст, бо шаҳодати Сайид Ҳасан Насруллоҳ, шароитро ба нафъи худ тағйир диҳад ва ба Ҳизбуллоҳи Лубнон барои расидан ба аҳдофи худ ва ҳимоят аз ормонҳои Фаластин ноком гузорад.
Аммо шаҳодати Насруллоҳ на танҳо меҳвари муқовиматро барои расидан ба аҳдофи худ, яъне баргардонидани Фаластин ба сокинони аслиаш устувортар кард, балки иттиҳод ва азми гурӯҳҳои муқовимат дар мубориза бо ишғолгарони Байтулмуқаддасро афзоиш дод. Ҳамчун Шайх Наим Қосим, дабири кулли ҷадиди Ҳизбуллоҳ дар Лубнон, дар рӯзи 40-умин рӯзи шаҳодати Сайид Ҳасан Насруллоҳ таъкид кард: Муқовимат бо ирода ва пойдории худ қавӣ аст, ҳарчанд ихтилоф дар имконоти низомӣ бо душман вуҷуд дорад баҳои сангини хуни шуҳадо баҳои аст, ки барои дастёби ба пирузи бояд пардохт ва таслим ғайри қобили қабул аст мо шикастнопазирем зеро, ки замин аз они мо ва ҳақ бо мо аст.
Воқеан, шаҳодати Сайид Ҳасан Насруллоҳ ба унвони рамзи истодагарӣ ва қурбонӣ беш аз пеш ба як илҳом барои нирӯҳои муқовимат ва сарчашмаи иттиҳод ва ҳамбастагии афзояндаи гурӯҳҳои муқовимат ва кишварҳои пуштибонаш табдил ёфтааст.
Оятуллоҳ Хоманаӣ, раҳбари инқилоби исломӣ, Ҳизбуллоҳро ёдбуди ҷовидона аз шаҳид Насруллоҳ номиданду гуфтанд: Ҳизбуллоҳ ба шарофати ҷасорат, хушмуомила, сабру таҳаммул ва эътимоди фавқулодаи раҳбари муқовимат ба рушди фавқуллода ноил шуд, ки душмане, ки бо ҳама гуна аслиҳаи моддӣ ва таблиғотӣ муҷаҳҳаз аст, натавонист ва бо инояти Худо аз ин падидаи аҷиб пушти сар карда наметавонад.
Бешубха, мехвари муковимат бо катъият ва далерона рохеро, ки шахид Насрулло барои озод кардани Фаластин нишон додааст, пеш мегирад. Тавре дар конфронси имрӯз таъкид шуд: Ном ва осори Сайид Ҳасан Насруллоҳ зинда хоҳад монд ва роҳи оғозкардаи ӯ аз ҷониби наслҳои нав бо ангеза ва устувории бештар идома хоҳад ёфт.