Вокуниши устоди Донишгоҳи Теҳрон ба бомбаборони хонаҳои лубнонӣ тавассути Исроил
(last modified Tue, 19 Nov 2024 07:36:41 GMT )
Ноябр 19, 2024 12:36 Asia/Dushanbe
  • Вокуниши устоди Донишгоҳи Теҳрон ба бомбаборони хонаҳои лубнонӣ тавассути Исроил

Pars Today. Як устоди донишгоҳи эронӣ бо ишора ба ҳамлаҳои режими саҳюнистӣ ба ғайринизомиён дар Ғазза ва Лубнон, расонаҳои ғарбиро шарикони ин наслкушӣ донист.

Ба гузориши хабаргузории "Pars Today", Сайид Муҳаммади Марандӣ, устод ва мудири шуъбаи забон ва адабиёти англисии факултаи ҷаҳоншиносии Донишгоҳи Теҳрон, дар паёме дар шабакаи иҷтимоии "Х", акси кӯдакони лубнонӣ дар оғӯши падаронашонро мунташир карда ва навиштааст: Инҳо ҳамон чиз ҳаст, ки расонаҳои ғарбӣ дӯст доранд барои тавҷеҳи бомбаборони биноҳои маскунӣ ва бурҷҳои истиқоматӣ дар саросари Лубнон тавассути режими саҳюнистӣ, онҳоро "аҳдофи Ҳизбуллоҳ" биноманд. 

Марандӣ афзуд, матбуоти ғарбӣ шарикони ин генотсид ҳастанд.

Артиши режими саҳюнистӣ бо баҳонаи муқобила бо Ҳизбуллоҳи Лубнон аз 23 сентябри соли 2024 ба манотиқи ғайринизомии ин кишвар ҳамлаҳои густарда анҷом додааст, ки то ҳол идома дорад.

Дар ин ҳамалот то кунун 3 ҳазору 452 лубнонӣ шаҳид ва 14 ҳазору 664 нафари дигар захмӣ шудаанд.