Зарфияти тиҷорати як миллиарддолларӣ байни Эрону Тоҷикистон вуҷӯд дорад
(last modified Wed, 20 Nov 2024 04:30:11 GMT )
Ноябр 20, 2024 09:30 Asia/Dushanbe
  • Зарфияти тиҷорати як миллиарддолларӣ байни Эрону Тоҷикистон вуҷӯд дорад

Сафири Тоҷикистон дар Эрон гуфт: Ҳаҷми тиҷорати ду кишвар аз соли 99 токунӯн наздик ба 10 баробар афзоиш доштааст ва ин зарфият вуҷӯд дорад, ки тиҷорати ду ҷонибаро ба як миллиард доллар афзоиш диҳем.

Низомиддин Зоҳидӣ дар дидор бо раиси Утоқи бозаргонии Эрон афзуд: Агарчӣ арқоми тиҷорати дуҷонибаи Эрону Тоҷикистон кучак аст, аммо дар муқоиса бо гузашта пешрафтҳои хубе доштаем ва ҳаҷми тиҷорат аз соли 99 то кунун наздик ба 10 баробар афзоиш доштааст.

Зоҳидӣ бо таъкид бар инки бояд лағви раводиди миёни Эрону Тоҷикистон ба таври комил иҷро шавад, гуфт: Лағви раводид фақат шомили парвози Теҳрон – Душанбе аст ва ба унвони мисоли парвози Машҳад - Душанбе ё дигар шаҳрҳоро шомил намешавад.

Самад Ҳасанзода, раиси Утоқи бозаргонӣ, саноеъ, маодин ва кишоварзии Эрон низ дар ин дидор гуфт, ҳаҷми тиҷорат миёни Эрону Тоҷикистон бо зарфиятҳои ду кишвар, фосилаи зиёде дорад ва утоқҳои бозаргонии ду кишвар вазифа доранд, фаъолони иқтисодии худро ҳарчӣ бештар дар ҷараёни ин зарфиятҳо ва фурсатҳои ҳамкории муштарак қарор диҳанд.

Муҳаммадҳусайни Равшанак, раиси Утоқи муштараки Эрону Тоҷикистон низ бо гиламандӣ аз боло будани аворизи вуруди колоҳои эронӣ ба Тоҷикистон, гуфт, нархи аворизи колоҳое, ки аз Узбекистон ба Тоҷикистон ворид мешавад, бисёр поинтар аз аворизе аст, ки аз Эрон вориди ин кишвар мешавад. Ин боис шуда бархе аз колоҳои мо аз тариқи Узбекистон ба Тоҷикистон биравад, ки боиси гаронтар шудани колоҳои Эрон дар Тоҷикистон шудааст.

Вай афзуд, Тоҷикистон нархи аворизи колоҳои эронӣ бавижа маводи ғизоиро афзоиш додааст, дар ҳоле, ки барои Узбекистону Туркия ин афзоиш рух надодааст. Мо ба дунболи боло бурдани сатҳи равобит ҳастем ва агар ин мушкилот ҳал шаванд тиҷорати Эрону Тоҷикистон ба роҳате ба ду баробар афзоиш хоҳад ёфт.

Дар ин нишаст, Низомиддин Зоҳидӣ, сафири Тоҷикистон бо муаррифии Ҳусайни Ғуломзода ба унвони намояндаи расмии Утоқи Тоҷикистон дар Эрон, гуфт, ин иқдом бо ҳадафи тавсеа ва рушди ҳамкориҳо миёни утоқҳои Эрону Тоҷикистон ва бахшҳои хусӯсии ду кишвар анҷом шудааст.